Аз имом Ҷаъфар ибни Муҳаммади Содиқ (Дуруди Худо бар ӯ бод) нақл шудааст, ки фармуд:
مَن رَأی أخاهُ عَلی أمرٍ یَکرَهُهُ فَلَم یَرُدَّهُ عَنهُ وَ هُوَ یَقدِرُ عَلَیهِ فَقَد خانَهُ
Касе, ки бародари худро гирифтори амали номатлубе бибинад ва метавонад ӯро аз ин кор боздорад, вале ӯро бознадорад дар ҳақиқат ба хиёнат кардааст . Биҳор, ҷ. 75, саҳ. 65
Шумо, ки мӯъмин ва бо аҳкоми Худо ошно ҳастед ва ҳалолу ҳаромро медонед, агар дидед, ки бародари мӯъмине машғули коре аст, ки онро бад ва зишт медонед ва метавонед пеши кори хилофи ӯро бигиред вале накунед ба ӯ хиёнат кардаед.
Мисли ин аст, ки касе заҳрро бо хаёли ин ки обмева аст мехоҳад бинӯшад ва шумо медонед, ки он заҳр аст ва метавонед ӯро аз нӯшидани он боздоред, вале анҷом накунед хиёнат аст. Маълум ва равшан аст, ки мурод касе аст, ки аҳкомро медонад ва нисбат ба дин олим аст.
Дар ҳамаи масоили зиндагӣ ва масоили динӣ вазифа дорем ба ин масъала амал ва роҳнамоӣ кунем. Агар дидем касе намоз намехонад ё ғайбат мекунад ва ё рибо мехӯрад ва ба аҳкоми дин пойбанд нест ва ба он амал намекунад бояд бо шароиташ ӯро аз ин корҳо боздорем.
Агар бинӣ, ки нобинову чоҳ аст,
Агар хомӯш биншинӣ гуноҳ аст. 
Ин кор на танҳо барои ӯ зарар надорад, балки хидмате аст, ки ӯро аз гирифторӣ дар зарар нигаҳ медорад ва ҳифз ва ба вазифаи бародарӣ амал мекунад.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст