Шахсе мехост ба сафар биравад. Пеши ҳазрати Алӣ ибни Абитолиб(к) рафт ва аз ҳазрат насиҳат хост.
Ҳазрати Алӣ(к) ба ӯ фармуд: Агар ҳамроҳ ва ҳамсафаре мехоҳӣ Худованд туро бас аст. Агар мунису ҳамзабон мехоҳӣ Қуръон туро бас аст. Агар панду ибрат мехоҳӣ ибодат туро бас аст. Агар мавъиза ва насиҳат мехоҳӣ марг туро бас аст. Ва агар ин ҳама панду андарзи туро бас набошад пас оташи қиёмат туро бас аст.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст