Тар кардани ҷойгаҳ то ҳудуди панҷсолагӣ табиӣ аст, вале агар баъд аз 6 ва 7 солагӣ ба муддати се моҳи паёпай ва дар ҳафта ду то се бор идома ёбад бояд ба он таваҷҷӯҳ ва илали онро шиносоӣ кард. Маъмулан шабидрорӣ бо гузашти замон ва то синни 10 солагӣ аз миён меравад, ба гунае ки дар синни 5 солагӣ аз ҳар бист нафар, чаҳор нафар ва дар синни даҳ солагӣ аз ҳар бист нафар, як нафар мумкин аст ин мушкилро дошта бошад. Бинобар ин агарчи эҳтимоли ин ки шабидрорӣ то бузургсолӣ идома ёбад вуҷуд дорад, вале дарсади он дар миёни афрод бисёр кам аст. Макидани ангушт, каҷхулқӣ, якравӣ ва ... аз мавориди дигаре аст, ки мумкин аст ҳамзамон бо шабидрорӣ дар кӯдак мушоҳида шавад.
Чӣ омилҳое боиси шабидрорӣ мешавад?
Омилҳои мухталифе боиси шабидрорӣ мешаванд, ки бархе ҷисмонӣ ва бархе равонӣ ҳастанд.
Омилҳои ҷисмонӣ
Виросат (женетик). Маъмулан дар хонаводаҳое, ки падару модар ё яке аз онҳо дар кӯдакӣ дучори шабидрорӣ буда аст, фарзандон низ чунин давраеро таҷриба мекунанд.
Мушкилоти ҳурмунӣ. Ҳурмунҳое, ки боиси танзими масона ва контроли идроранд мумкин аст дучори ноҳамоҳангӣ ва ихлол бошанд.
Уфунати системи дафъи идрор
Диёбет (қанд).
Таъхир дар рушди андомҳо ва системи асабҳои марказӣ.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст