Сайидбурҳон Акбар;

Суи зан; ба тарзи фикре гуфта мешавад, ки ба ноҳақ дар бораи касе дар зеҳн мегузарад. Ба унвони мисол шахсеро мебинем, ки аз роҳе мегузарад ва дар онҷо дуздие мешавад, дар фикрамон ӯро дузд тасаввур ва бе далил бар ӯ гумони бад кунем, инро дар истилоҳи шаръ суизан мегуянд.

Қуръони Карим ин корро наҳй намуда ва мефармояд; ба дурустӣ баъзе аз гумонҳо исм-гуноҳ ҳастанд!.

Инсонҳо гоҳ ба рафтору гуфторҳои ҳамдигар гумони бад мебаранд ва сабаби душманӣ ва ҷангу ҷидолҳои бераҳмона мешаванд, ки бо ин амри илоҳӣ, бандагони Худо бояд аз гумонҳое, ки бедалил ва аз рӯи бадхоҳӣ ва ё фиребу буҳтонҳои дигарон эҷод мешавад парҳез кунанд.

Аммо яке аз ақсоми суи занҳо, гумони бад нисбати ҳазрати Ҳақ, Худои мутаъол аст, ки инсонро ба гумроҳӣ ва бадбахтӣ дар дунё ва охират мекашонад. Дар ин амал ва сифати паст, гоҳ инсонҳо ба мақому сифот ва ҳаққонияти Худованд гумони бад мекунад, ки дар Қуръони Карим мазаммат ва манъ шудааст.

Дар инҷо чанд маврид аз гумонҳоеро, ки нисбати Худованд мешавад ва дар Қуръон аз онҳо мазаммат шудааст зикр хоҳем кард.

Гумони бад нисбати илми Худо;

Мумкин аст инсоне нисбати илму огоҳии Худованд аз амалҳои бандагонаш шаккоку гумонбар шавад. Худованд дар Қуръон дар ин бора мефармояд:

Гумон мекардед, ки Худованд бисёре аз корҳои онҳоро намедонад ва ин гумони шумо буд, ки дар ҳаққи Худоятон кардед, шуморо ҳалок кард ва аз зиёнкорон шудед.

Гумони бад нисбати ёрии Худо дар ҷиҳод;

Баъзе аз инсонҳо мумкин аст нисбати ёрии илоҳӣ дар ҷангу ҷиҳодҳо шак кунанд, ки оёти қуръонӣ дар ин бора мегуяд:

Ҳақ ин аст, ки гумон мекардед Паёмбар ва муъминон ҳаргиз ба сӯи хонаҳояшон барнамегарданд.

Мунофиқон ва касоне, ки дар дилашон беморӣ ва имонашон заъиф буд нисбати ёрии илоҳӣ ба муҷоҳидон дар ҷанг суи зан (гумони бад) доштанд ва мегуфтанд; дигар онҳо ба хонаҳояшон барнамегарданд, ки Қуръон ин фикри бадро сарзаниш мекунад.

Гумони бад нисбати ёрии Паёмбар(с);

Бисёре аз касоне, ки фикру корашон моддигароӣ шудааст, пирузии ҳақро дар марҳилаҳои сахт номумкин медонанд ва ҳатто гоҳ гумон мекунанд дигар Худовандҳам пушти ин кори ҳақ нест ва шикасташ ҳатмӣ шудааст.

Дар замони Паёмбар(с) баъзе аз мардум кам ва заъиф будани неруҳои исломро бо қудрату ҳайбати куфр месанҷиданд ва исломро шикананда медиданд. Дар ҳақиқат шикасти Расули Худоро ҳатмӣ дониста нисбати нусрату ёрии Худованд бетаваҷҷуҳ ва балки шак доштанд, ки Худованд мефармояд:

Ҳар касе гумон мебарад, ки Худованд ҳаргиз Ӯ(Паёмбар)-ро дар дунё ва охират ёрӣ намерасонад (бояд) ресмоне ба сақфи хонааш бибандад (ва онро дар гарданаш андохта) қатъ кунад. Он вақт нигоҳ кунад оё ин тадбир(фикри пасташ) хашми ӯро аз байн мебарад?

Бинобар ончӣ баён гашт инсон бояд ба раҳмати Худованд ҳамеша умедвор бошад ва бидонад, ки нусрату раҳмати илоҳӣ бе интиҳо ва ҳамаро шомил мегардад.

Аммо ин умеду имон набояд сабаб шавад аз амал ба фароизу суннатҳои динӣ дур монад, ба ин умед, ки Худованд раҳим асту бахшанда. Балки бояд бо имон ба Худованд, аввал талошу кушишро дар масири расидан ба ҳаққу ҳақиқат анҷом диҳад ва дар ҳама ҳол ба Худованд таваккул дошта бошад, он вақт мунтазири раҳмати илоҳӣ бошад, ки шояд шомилашон гардад.

Худои мутаол дар шариати Ислом роҳро аз чоҳ барои бандагонаш ҷудо намудааст ва амри ло икроҳа фиддин ро дар канори қад табайяна рушду минал ғай зикр кардааст ва фармудааст; бидонед, ки ло юғайиру мо биқавмин ҳатто юғайиру мо би анфусиҳим ҳам содиқ аст.

Пас медонем, ки инсоният озод аст, ҳар роҳу тариқеро барои зиндагиаш интихоб намояд ва рӯзи қиёмат ва балки дар ҳамин замини фонӣ осору табаот ва натиҷаи амалҳои худро ҳам бибинад. Ва албатта инро ҳам аз суннати ҳаққаи илоҳӣ медонем, ки ҳеҷ қавмеро Худованд ба зур ва иҷбор бадбахт намекунад магар худашон бихоҳанд ва ҳаминтавр хушбахтии онҳо дар тағйироте аст, ки бо хосту амалӣ худашон бояд анҷом гирад.

Дунёро ҳамчун мазраа ва киштзоре бидонем, ки барои ояндаи худ, ки як замони бениҳоятро шомил мешавад бояд дар он кор кунем, чун ончиро коштаем дар рӯзи мавъуд дарав хоҳем кард.

Ва албатта огоҳ бошем, ки онрӯз касе аз мазрааи дигарон наметавонад бардошт кунад, на бо зур ва на бо зар!.

Поянда ва сарфороз бошед

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст