Бидонем ва амал кунем
Мард мудири хона аст ва зан ҳамдаму ҳамрози ӯст ва бояд ба хостаҳои дурусти зан эҳтиром бигузорад, ба гунае ки Худои Субҳон мефармояд:
وَ لَهُنَّ مِثْلُ الَّذِى عَلَيهنَّ بِالمْعْرُوفِ
 Ҳамон тавр ки занҳо нисбат ба мардон вазифаҳое доранд ба гардани мардон ҳуқуқе ҳам доранд. (Сураи Бақара/228)
Агар мард бо роҳу равиши хушбахтӣ ва рамзҳои он ошно бошад метавонад ҳамсарашро хушбахт кунад.
Дар ин навишта ба яке аз вазифаи мард нисбат ба занаш ишора мекунем.
Меҳру муҳаббат ва эҳтиром гузоштан ба зан.
Зан маркази меҳру муҳаббат аст ва беҳтарин калиди ҳамсардориро муҳаббат медонад.
Зан саодати худро дар зиндагӣ меҳру муҳаббати шавҳар медонад.
Муҳаббат боиси мустаҳкам шудани робитаи заношӯӣ мешавад ва рафтори шавҳар дар зиёд шудани меҳру муҳаббат аз тарафи ҳамсар бисёр муҳим аст, чунки зан ташнаи муҳаббат аст.
Шавҳари муҳтарам!
Агар мехоҳӣ, ки
зиндагии ширинтаре дошта бошӣ,
ва шарику мунис ва ёри ту ба зиндагӣ дилгарм бошад,
 ва аз зиндагӣ дар канори ту лаззат барад ва хурсанд бошад,
ва зиндагии осудае дошта бошӣ,
ва ҳамсарат туро дӯст бидорад,
пас ба равиши Паёмбари Аъзам(с) амал кун ва ба ҳамсарат муҳаббат кун.
Расули Худо(с) мефармояд: Ҳар чи имон (-и мард) комилтар бошад бештар ба ҳамсараш изҳори муҳаббат мекунад. (Биҳор, ҷ.103, саҳ.228)
Ва низ фармуд: Яке аз ахлоқи Паёмбарон(а) муҳаббат ба ҳамсарони худ будааст. (Биҳор)
Ва имом Содиқ(а) фармуд: Дӯст доштани ҳамсар аз ахлоқи Паёмбарон(а) аст. (Васоил)
Паёмбари Аъзам(с) пас аз намози субҳ ба назди ҳамаи ҳамсаронаш мерафт.
Аз он ҳазрат нақл шудааст, ки фармуд: Беҳтарини шумо касе аст, ки бо хонаводааш беҳтарин рафторро дошта бошад ва ман нисбат ба хонаводаам беҳтарин и шумо ҳастам.
Бунёди хонавода бар асоси меҳру муҳаббат аст.
Мард бояд талош кунад, муҳити хонаводаро аз сафо, самимият пур карда ва заррае бемеҳриро дар хона роҳ надиҳад.
Мардҳо бояд бидонед, ки муҳаббати қалбӣ кофӣ нест, балки ҳатман бояд муҳаббат худро ба забон биёред ва ба ҳамсар худ бигӯед: Азизам! Дӯстат дорам.    
Имом Содиқ(а) фармуд: Касе, ки барои худ ҳамсаре интихоб кард, бояд ба ӯ эҳтиром бигузорад. (Биҳор)
Расули Худо(с) фармуданд: Хидмати беминнат ба ҳамсар каффораи гуноҳон аст ва хашми Худовандро хомуш мекунад.
Имом Содиқ(а) фармуд: Касе, ки бо хонаводааш, некӣ кунад Худованд умрашро зиёд мекунад.
Шавҳари азиз! Меҳрварзӣ кори дил аст, ки дар кирдор ва рафтор ва гуфтори шумо намоён мешавад. Гоҳе ба сурати лабханд ва ишора ва гоҳ ба шакли гиря ё як сухани муҳаббатомез ё кӯмаки моддӣ ва маънавӣ худро нишон медиҳад.
Ҳазрати Алӣ(к) мефармояд: Эй Навф! Меҳрубонӣ кун то меҳрубонӣ бинӣ.
  Ҳазрати Алӣ(к) нақл мекунад, ки Паёмбари Аъзам(с) фармуд: Худованд бузургу меҳрубон аст ва ҳар меҳрубонеро дӯст дорад.
Имом Зайнулобидин(а) дар бораи меҳрубонӣ ба ҳамсар мефармояд: Ҳаққи зан он аст, ки бидонӣ, ки Худои Мутаол ӯро сабаби оромиш ва унси ту гардонда ва низ бидонӣ, ки зан неъмате аз ҷониби Худо барои шумо аст. Пас эҳтиромаш кун ва бо ӯ мудоро ва муросо намо. Ҳарчанд ҳаққи ту (шавҳар) бар зан болотар ва бештар аст, вале ҳаққи зан он аст, ки нисбат ба вай меҳрубон ва ғамхор бошӣ.(Рисолаи ҳуқуқи имом Саҷҷод(а))
Хушбахт касест, ки хидмати ёр кунад.
Ҳар ҷо ки қадам ниҳод гулзор кунад.
Зангулаи гаҳвораву гиряи тифл,
Ҳар субҳ варо зи хоб бедор кунад.
Агар мехоҳед хушбахт бошед ва ҳамсаратон ба вазифааш амал кунад худатон пеш ва беш аз ӯ ба вазифаи худ амал кунед.  
Идома дорад.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст