Ончи набояд анҷом дод
Ҳаргиз кӯдакро ба хотири тарсидан аз чизе, ки дар назари шумо хандадор ва беарзиш аст масхара накунед ва иҷоза надиҳед дигарон низ ӯро масхара кунанд.
Дар ҳузури ӯ аз чизҳои тарснок бо обутоб сухан нагӯед ва агар аз чизе метарсед тарси худро дар ҳузури кӯдак иброз накунед.
Вақте ӯ аз чизе метарсад вокуниши шитобзада нишон надиҳед ва саъй накунед зуд ӯро ором кунед.
Ӯро ба хотири тарс таҳқир накунед.
Беш аз андоза муроқиби ӯ набошед.
Вақте мехоҳед барои ӯ танбеҳ ё муҷозоте таъйин кунед, аз тарсондан ва таҳдидҳои ваҳшатнок истифода накунед.
Дар макон ё шароите, ки эҳсоси ноамнӣ мекунад танҳояш нагузоред.
Аз тарси ӯ асабонӣ нашавед ва дод назанед, махсусан замоне ки ӯ дар ҳоли тарсидан аз чизе аст.
Ба ӯ “тарсончак” нагӯед ва ба дигарон ҳам иҷоза надиҳед, ки ба ӯ ин вожаро бигӯянд.
Барои натиҷа гирифтан аз талошҳоятон бесабрӣ накунед.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст