Падидаҳои мухталифе дар ба вуҷуд омадани тарс нақш доранд. Мизони таҷрибаҳои пешин тарс ба вижа таҷрибаи он дар даврони кӯдакӣ, мизони рушди зеҳнӣ, арзишҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ки муҳити атроф ва рафори бузургсолон ва ҳамсолон онро ба кӯдак дода аст ва ... ҳама аз иллатҳои эҷоди тарс ҳастанд.

Мизони тарс бо вуруди фарзанд ба мактаб кам мешавад ва ё аз байн меравад . (Албатта ба ҷуз тарс аз мактаб, ки иллатҳои хосси худро дорад). Омилҳои дигаре низ дар ошкор шудани тарс асар мегузоранд, ки аз он ҷумла метавон ба ин маворид ишора кард; Вобастагии зиёд ба падару модар, эҷоди тағйирот дар шеваи зиндагӣ, хаёлоти кӯдак, рӯ ба рӯ шудан бо ҳодисаҳои хатарнок ва ваҳшатнок мисли зилзила, раъду барқ, сел ё ...
Яке аз муҳимтарин омилҳое, ки кӯдаконро метарсонад, улгупазирии онҳост. Дар ин миён нақши аслиро волидайн ва аъзои хонавода иҷро мекунанд. Модаре, ки бо дидани тортанак ё таракан фарёд мезанад ва мегурезад ба фарзандаш меомӯзад, ки аз ин мавҷудот бояд тарсид. Падаре, ки бо шурӯи хомушӣ ва торикӣ фарзандашро дар оғуш мегирад ва ҳамеша мегӯяд: “Натарс, ман канорат ҳастам” ба ӯ меомузад, ки чизе барои тарсидан ҳаст, вале ту саъй кун, ки натарсӣ!
Ба ҳар ҳол тарс дар кӯдакон ҷои нигаронӣ надорад ва то ҳадде табиӣ аст, магар замоне ки навъи хоссе аз тарс то муддати тулонӣ (ҳудуди ду сол) идома пайдо кунад. Дар ин сурат шояд ниёз ба дармони тарс вуҷуд дошта бошад.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст