قال رسول الله صلی الله علیه و آله :« قالوا - الحواریّون لعیسی - یا روح َالله فَمن نُجالِسُ اِذاً ؟ قال مَن یُذَکَّرکُم اللهَ رُؤیتُه و یَزیدُ فی عِلمکم منطِقُهُ و یُرغّبُکُم فی الاخرة عَمَلُه »
Паёмбари Аъзам (с) фармуд: Ҳавориюн ба ҳазрати Исо (Алайҳиссалом) гуфтанд: «Эй Рӯҳи Худо, бо чӣ касе ҳамнишин бошем?»
Фармуд: «Бо касе ҳамнишин бошед, ки дидани ӯ шуморо ба ёди Худо бияндозад ва сухани ӯ бар илму дониши шумо бияфзояд, ва амали ӯ шуморо ба охират тарғиб ва ташвиқ намуда ва моил созад» Мизонулҳикмат, ҷ. 1, саҳ. 402, ҳадиси 2

Оё мо барои дигарон ингуна ҳамнишин ҳастем ё бо ингуна афрод ҳамнишин ҳастем? Виҷдони ҳар кас худаш ба вазъаш шаҳодат медиҳад.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст