Ҷавоне хидмати имом Ҳусайн (Дуруди Худо бар ӯ бод) расид ва гуфт: Ман марде гуноҳкорам ва наметавонам худро аз гуноҳ боз дорам. Маро насиҳат кун.
Имом Ҳусайн фармуд: Панҷ корро анҷом бидеҳ ва онгоҳ ҳар чӣ ме‏хоҳӣ гуноҳ кун:
 1) аз ризқу рӯзии Худо махӯр онгоҳ ҳар чӣ мехоҳӣ гуноҳ кун,
 2) аз қаламрави ҳукумат‏и Худо берун бирав онгоҳ ҳар чӣ мехоҳӣ гуноҳ кун,
 3) ҷоеро интихоб кун то Худованд туро набинад онгоҳ ҳар чӣ мехоҳӣ гуноҳ кун,
 4) вақте ҳазрати Азроил(а) барои гирифтани ҷони ту омад ӯро аз худ бирон онгоҳ ҳар чӣ мехоҳӣ гуноҳ кун,
 5) замоне ки молики дӯзах туро ба сӯи оташ ме‏барад дар оташ ворид машав онгоҳ ҳар чӣ мехоҳӣ гуноҳ кун.»
 Ҷавон андаке фикр карду шарманда шуд ва дар баробари воқеият‏ҳои баёншуда чорае ҷуз тавба надид.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст