Худашро дар оғӯшам меандозад ва маҳкам ба ман мечаспад, дар ҳоле ки ранг аз сураташ парида аст. Чи қадар қалбаш тунд метапад ва нафас-нафас мезанад! Саъй мекунам оромаш кунам вале ҳозир нест аз ман ҷудо шавад. Мудом ба ӯ мегӯям: “Азизам! Гурба рафта аст...”, аммо ӯ ҳамчунон метарсад. Эҳсоси ноамнӣ иҷоза намедиҳад ҳарфамро бовар кунад.
Тарс аз чи замоне дар кӯдак ба вуҷуд меояд?
Оё тарси кӯдаки ман табиӣ аст?
Чи омилҳое тарси ӯро бештар мекунад?
Осебҳои тарсидан барои кӯдакам чист?
Вақте метарсад чигуна бояд бо ӯ рафтор кунам?
Ончи бояд бидонем
“Тарс” як вокуниши комилан табиӣ аст, ки вуҷуди он дар ҳадди маъқул, омили мусбате аст, ки монеъ аз ба хатар афтодани фард мешавад. Яке аз назарияпардозони равоншиносӣ тарсро яке аз ғаризаҳое медонад, ки аз ҳангоми таваллуд дар одам ҳаст. Бар ин мабно “тарс” аз мо ҷудо намешавад. Агар чунин аст пас чаро ба он манфӣ нигоҳ мекунем ва афроди тарсуро намепазирем?
Ҳамонгуна ки ишора шуд, то замоне ки тарс маъқул ва мантиқӣ бошад, матлуб аст. Аммо беш аз он мавонеъи бузургеро дар пешрафти инсон эҷод мекунад шояд шумо низ то кунун бо афроде рӯ ба рӯ шудаед, ки мегӯянд: “Аз бачагӣ аз баландӣ метарсидам!” ё бо дидани гурбае бо шитоб худро ба канор мекашанд ва фарёд мезананд.
Идомаи чунин ҳолатҳое дар гузари замон ва собит шудани он дар шахсияти фард, “тарси марзий”-ро ба вуҷуд меоваранд ва боиси нооромӣ мешавад. Инро ҳам бояд донист, ки ҳеҷ кас ба андозаи худи шахс аз тарс дар ранҷу азоб нест.
Агар кӯдак нишонаҳое аз ин гуна тарсро дорад, падару модар бояд барои бартараф кардани ин мушкил талош кунанд.
Маъмулан тарс бо тағйироти баданӣ мисли дилдард, сардард, дилшура, тапиши қалб, хушкии даҳон ва рангпаридагӣ ҳамроҳ аст, ки ин нишонаҳо бо иллати ба вуҷудоварандаи он мутаносиб аст.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст