Аз Паёмбари Аъзам(Дуруди Худо бар ӯ ва олаш бод) савол шуд:  Ғайбат чист?
Ҳазрат фармуд: Ин ки аз бародарат чизе бигӯӣ, ки дӯст надорад.
Арз шуд: Агар ончӣ мегӯем дар бародарам буд чӣ?
Фармуд: Агар ончӣ мегӯӣ дар ӯ бошад, ғайбаташ кардаӣ ва агар ончӣ мегӯӣ дар ӯ набошад, ба ӯ тӯҳмат задаӣ.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст