Якдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ миёни зану шавҳар нишонаи ахлоқи писандидаи онҳо ва сабаби саодат, ширинии зиндагӣ ва пешрафти хонавода аст. Дар хонаводае, ки якдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ набошад, пояҳояш ларзон ва суст хоҳад буд.
Бешак нақши асосӣ дар эҷоди якдигарфаҳмиро зан бозӣ мекунад ва метавонад онро ба беҳтарин сурат анҷом диҳад, вагарна кор сахт мешавад.
Маъмулан агар мард худбин, худпараст, мутакаббир набошад ва зан низ аз мушкили хос ранҷ набарад ин хосияти раҳмонӣ дар хонавода зудтар ба натиҷа мерасад.
Коштани ниҳоли якдигарфаҳмӣ дар боғи хонавода ба масъалаҳои маънавӣ ва мазҳабӣ робита дорад. Агар зану мард роҳу равиши  Паёмбари Аъзам (с) ва пешвоёни диниро бишиносанд ва ба он пойбанд бошанд  бо доштани сармашқҳои неку расидан ба ҳамдигарфаҳмӣ осон мешавад.
Ислом корҳоро одилона байни зану мард тақсим намуда, ки корҳои сахт ва берун аз хона вазифаи мард ва корҳои дохили хона ва тарбияти фарзандон вазифаи зан-модар аст. Аммо гоҳе корҳои хона сахт барои зан сахт мешавад ва мумкин аст ба корҳои муҳиме мисли тарбияти фарзанд ва расидан ба рӯҳу равони худ боз монад. Дар ин ҳолатҳо марди дилсӯз ба ёрии зан мешитобад то сахтиҳо бартараф шавад ва корҳо сомон ёбад. Ин барои саломати рӯҳи ҳар ду ва аъзои хонавода муҳим ва муфид аст.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст