Takaluf izdivoj

Аз офатҳои бузурге, ки дар зиндагии мо инсонҳо фаровон дида мешавад, офати такаллуф аст.

«Такаллуфяъне кореро бо машаққат ва кулфат ҳамроҳ кардан, дар ҳақиқат худ ва дигаронро ба сахтӣ андохтаем. Эҷоди шартҳои хаёлӣ ва ваҳмӣ ва кашондани корҳо ба сӯи сахти ва мушкил.

Мо дар ҷараёни зиндагии худ ба сурати табиӣ ва маъмулӣ бо гирифториҳои фаровон рӯ ба рӯ ҳастем. Чи қадар аҳмақона аст, ки агар худ низ ба қавоиди хирад пойбанд набошем ва корро бар хеш сахттару душвортар кунем!

Ҳамагон ба андак тааммуле дармеёбанд, ки анҷоми дақиқ, мутқан, муназзам ва бо кайфияти ҳар кор, бо печида ва сахт кардан ва такаллуф, аз замин то осмон фарқ дорад.

Такаллуф фурсатсӯз аст, умрро барбод медиҳад, имкони муваффақиятро коҳиш медиҳад, дилсардӣ ва афсурдагиро доман мезанад, сармояҳоро нобуд мекунад ва зиндагиро ба коми одам талх месозад. Аз ҳамин рӯй хотами паёмбарон ва ифтихори мусулмонон ва мӯъминон ҳазрати Муҳаммад(салаллоҳу алайҳи ва олиҳи) аз такаллуфпешагон эъломи безорӣ мекунад ва мефармоянд: «Ман аз мутакаллифон нестам».

Бо баҳонаи анҷоми одобу расмҳо, обрӯдорӣ, ҳифзи ҳайсият ва арзиш ниҳодан ба духтару писар ва... ин ширинтарин ҳодисаи зиндагии ҷавононро ба кобуси ваҳшатнок табдил кардаем. Натиҷаҳои талхи ин нигоҳи бемор, теъдоди зиёде аз ҷавононро аз ташкили зиндагӣ ноумед кардааст. Ва теъдоди дигарро бо мушкилоти фаровоне дар оғози роҳ рӯ ба рӯ кардааст.

Хонаводаҳои зиёде бо наздик шудан ба замони издивоҷи фарзандонашон, ба ҷои ҷашн ва шодӣ азо мегиранд. Осебҳои фарҳангӣ, тарбиятӣ ва ахлоқӣ ношӣ аз таҷарруди тулонимуддат ва ба ақиб андохтанҳо дар издивоҷ, ғайри қобили муҳосиба аст. Натиҷаҳои шуми як шуруъи пурмашаққат ва пурдардисар, чи бисёр коми ҷавононро дар оғози зиндагӣ талх мекунад. Дар ин офати бузурги иҷтимоӣ, ҳама муқасирем ва албатта аз ҳама бештар хонаводаҳо бояд дар пешгоҳи ҷомеа ва Худои Мутаол посухгӯ бошанд! Дар рафъи ин муъзали хонумонсуз, ҳама бояд ба майдон биёянд ва ин суннати Илоҳӣ ва осмониро аз қайд ва банди занҷирҳои ҷоҳилӣ эҷот карда наҷот бибахшанд ва майдони зиндагиро барои хушбахтии ҷавонон ҳамвор созанд.

Дар марҳалаи интихоби ҳамсар, шарти аҷиберо, ки ҳаргиз дахолате дар куфв(ҳамто) будан ва ҳамтоии духтар ва писар барои оғози зиндагӣ надоранд, ба ҷои дин ва тақво ва ахлоқ қарор додаем! Маҳрияро киҳадяеастбанишонимеҳрваростӣвадарсуннатиПаёмбар (саллаллоҳуалайҳиваолиҳ) арзишимолиионасланмавридитаваҷҷӯҳ набудааст, балки кам будани он нишони шукуҳ ва хушқадамии арус шуморида шудааст бақиматгузорӣбароидухтартабдилкардаем! Ҷаҳизияро, киҳадяихонаводабароиосонкарданиоғозизиндагӣванишонимуҳаббатвадӯстиипадаронвамодарондарзиндагиифарзандони азизашон аст, ба садди роҳи зиндагии онҳо ва мусибати бузурги хонаводаҳо мубаддал сохтаем! Ба номи “хариди ақд” чи ҳазинаҳои газоферо ба ҷавонон ва хонаводаҳо бор кардаем. Барои баргузории маросими ақд ва арусӣ, ки тавсия ба шодмонӣ ва сурур шуда аст, он қадар ташрифот ва таҷаммулот ва шароит бофтаем, ки пушти саҳнаи он, чашмҳои ашкбор ва дилҳои ғамдидаи фаровонеро корвони зиндагии бачаҳо ҳамроҳӣ мекунад. Ва то муддатҳо осори манфии он мисли парандаи шуме бар боми зиндагии азизонамон чарх мезанад ва...

Бибинем байни ончи Худои Мутаол мехоҳад ва Паёмбари Акрам (салаллоҳу алайҳи ва олиҳ)ророзӣмекунадваончимоанҷоммедиҳемчӣқадарфосилааст? Сугмандона ва бо дардбоядэътирофкунам, киҳарчишариатинуронӣбаранҷомисамимонаваосониииздивоҷтаъкидкардааст, мо дар муқобил ба сахт кардан ва анҷоми такаллуфомези он ҳиммат варзидаем. Ба ростӣ! Поёни ин рақобат ва чашму ҳамчашмии ҷоҳилона ва шайтонӣ то куҷо аст?

Дар тасҳеҳи ин инҳирофи хатарнок ва дармони ин дарди ҷонкоҳи иҷтимоӣ ба суханони нуронии Пағмбари Акрам(саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) мешитобем. “Ӯ” ҳакимона дардро мешиносад, табибона нусхаи шифобахш медиҳад ва муслиҳона месӯзад ва ҳамагонро ба бозгашт ба сираи пок ва Илоҳӣ фаро мехонад.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст