muoshirat

Он марде, ки бо занони номаҳрам сарукор дорад, ду ҷой барои ӯ имкони сер кардани ғаризааш дар сатҳҳои мухталиф вуҷуд дорад, ҳатман дигар ба зани худаш он таври лозим пойбанд нест ва аҳамият ҳам намедиҳад. Мисли марде, ки ба дигар занон ва духтарон нигоҳи шаҳватолуд намекунад намебошад. Ин ки мегӯянд, ки зан бояд худашро дар муҳитҳои иҷтимои ҷомеа бо номаҳрам якҷоя накунад, барои ин аст, ки танҳо дилбаста ба ҳамсараш бошад вагарна агар зан кораш ба ҷое расид, ки шавҳараш барояш оддӣ шуд, мисли вазъияти ҷомеаи ғарбӣ аслан ин мард барои зан қадру қимат ва аҳамияте надорад, мегӯяд, ки шуд, шуд, нашуд ҳам нашуд, муҳим нест. Мегӯяд, ки талоқ мегирем, тамом мекунем. Ҳар кас дунболи кори худаш биравад. Инкор хело бад аст. Ин кор натиҷаҳои хело сангинеро ҳам ба дунбол дорад. Баъзе аз хонумҳо имрӯз талош мекунанд, ки вазъи занонро ин тавр кунанд! Инҳо хато мекунанд ва ба ҷомеаи худ хиёнат мекунанд. Ин бар зарари аввалн ҷомеа, занҳо ва миллатҳо аст ва ба нафъашон нест, чунки бунёни хонаводаро муталошӣ мекунад. Муталоши шудани хонавода ҳамон муталоши шудани ҷомеро ҳатман ба дунбол дорад. Барои пойдории ҷомеаҳо бояд оилаҳо ва хонаводаҳоро хуб тарбият кунем ва мунтазири натиҷаи он дар ҷомеа бошем.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст