zendegi roostayi

Тароват ва ширинии зиндагӣ, маҳсули маҳоратҳо ва риоятҳои зан ва шавҳар аст. Ҳазрати Алӣ (алйҳиссалом) фармуданд: “لکل شیء آفة “ ҳар чизе дар ин олам офате дорад.

Барои нигоҳдорӣ ва баҳрамандии шоиста аз ҳар чизи хуб ва боарзиш, бояд аввал офатҳои онро шиносоӣ кард. Онгоҳ бодироят ва ҳушёрӣ ба муқовимсозӣ ва эҷоди безараргардонӣ ҳиммат гумошт. Ин қоидаи зиндагии дунё аст. Чизе, ки арзишмандтар бошад офоташ бештару хатарноктар аст.

Зиндагии муштарак, ки бо аҳду паймони муқаддаси издивоҷ оғоз мешавад, яке аз боарзиштарин неъматҳои Илоҳӣ барои инсонҳо аст ва дар маърази офатҳои фаровон қарор дорад. Чашми боз ва ҳушёории ҳамсарони ҷавон ва шинохти дурусти осебҳо, роҳи наҷот аз фитнаҳои шайтонро ба шиддат лозим дорад. Роҳнамоибедорвахирадмандонвакоршиносониоилавабузургонидинимодаринбораҳушдорҳоимуҳимедодаанд. Аз роҳнамоиҳо ва таҷрибаҳои онҳо бояд дар масири зиндагиямон ба хуби истифода кунем.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст