zan 16 380x202

Ислом ва Қуръон, ки дар бораи ҳиҷоб ва пушиш сухан гуфта ва дар бораи ҳудуди зану мард бо якдигар дастур додааст, ба нафъи худи мардум ва хонаводаҳо аст.

Риояти масъалаи маҳраму номаҳрам, ҳиҷоб ва ҳифзи чашмҳо аз нигоҳ ба ҳар манзара ва накашондани он ба ҳар тараф барои чист? Барои ин аст, ки ин зану шавҳар бо ҳам меҳрубон ва вафодор бимонанд. Он марду зане, ки дар ҷомеаҳои фосиди дунё ба ҳарҷо расиданд, ба ҳар гузаргоҳе, ки рафтанд, ҳар тавр дилашон хост сӯиистифода карданд дигар муҳити хонаводагӣ чӣ аҳамияте пайдо хоҳад кард? Ҳеҷ. Номашро ҳам гузоштанд озодӣ, ки агар ин озодӣ бошад, бузургтарин балоҳои башар маҳсуб мешавад. Он марде, ки ҳар тавр дилаш бихоҳад ва ба ҳар тараф моил бошад инону ҳифозе надорад ва он зане, ки бо ҳаё ва ифоф ва ҳиҷоби инсонӣ ороста нест ва ҳифозе надорад, барои ҳамсари худ эҳтиром ва аҳамияте қоил нест. Дар Ислом як зану мард дар муқобили ҳам вазифадоранд, алоқаманд ва вобаста ҳастанд. Як силсилаи азим ва дароз аз аҳком чист? Мехоҳанд оилаҳо хонаводаҳо мустаҳкам бимонад ва ин зан ва шавҳар бо ҳам бошанд ва ба ҳамдигар хиёнат накунанд. Дар натиҷа ҷомеа солим мемонад.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст