qanoat 01Мо ва шумо бояд адл ва инсофро риоят кунем. Гуфтаниам, ки агар байни мо ва Паёмбари Ислом(с) ва пайравони ҳақиқиаш ва олимони бузург, зиндагии мо ва зиндагии онҳо, ҳазор дараҷа фосила аст, мешавад ин ҳазор дараҷаро даҳ дараҷа, бист дараҷа ва ё сад дараҷа камтар кард. Худро ба зиндагии онҳо наздик кунем.

Қаноат кунед. Аз қаноат хиҷолат накашем. Баъзе хаёл мекунанд, ки қаноат аз они одамҳои дастхоли, нодор ва фақир аст ва агар одам пул ва мол дошт, дигар лозим нест қаноат кунад. Не! Қаноат яъне инсон дар ҳадди лозим ва кофӣ таваққуф кунад. Хоҳишҳои моддии зиёд ва боло, сабаби тангии маишат ва нороҳати худи инсон мешавад, ва хоҳишҳо баҷо ва муносиб сабаби саодат хоҳад буд. На фақат барои охират хуб аст, балки барои дунёи инсон ҳам хуб ва ҳам лозим.

Барои таҷаммулот, мақому қудрат, машҳур ва маъруф шудан мусобиқа ҳаст. Ин мусобиқаи носолим аст ҳар кадом, ки бихоҳед ба ин мусобиқа ворид шавад дигарӣ монеъ шавад ва ба унвони як насиҳаткунанда ба якдигар ёдовар шавад. Ҳеҷ вақт набояд миёнаравӣ ва қаноатро фаромуш кард. Ин назари Ислом ва назари тамоми инсонҳои мувафақ дар зиндагӣ аст.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст