Содагӣ ба нисбати ин корҳое аст, ки мардум имрӯз мекунанд. Хаёл накунед он содагие, ки мо мегӯем, он содагии зоҳиду обид ва инҳо аст. Вагарна чунончи мардони Худо ба содагии мо нигоҳ кунанд ҳатман ҳазорон нақс ва эрод ҳам гиранд.

Зиндагиятонро бар пояи исроф бино накунед. Зиндагии содаи Худописанд бисозед ва аз тайиботи Илоҳӣ дар ҳадди миёна ва муътадил баҳраманд шавед. Ҳам эътидол ва миёнаравӣ ва ҳам адолат. Яъне мулоҳизаи инсофро бикунед. Бибинед дигарон чи тавр сода зиндаги доранд. Хеле байни худатон ва дигарон фосила эҷод накунед. Зиндагиҳоро бар пояи инсоф бино кунед.

Яке аз сабабҳои саодати хонаводаҳо ва шахсиятҳо, ин аст, ки қайдҳо ва таҷаммулоти зиёдӣ ва пардохтани беш аз андозаи лозим ба корҳои моддӣ, аз зиндагиҳо дур шавад. Ҳадди ақал бахши аслии зиндагӣ маҳсуб нашавад. Як чизи ҳошияӣ бошад. Зиндагиро аз аввал бояд сода барпо ва муҳити зиндагиро қобили таҳаммул кунем. Сода зиндагӣ кардан бо дар осоиш будан ҳам зид нест. Осоиш бешак дар сояи сода зиндагӣ кардан аст.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст