Дар тӯли бисту панҷ соли зиндагӣ муштарак бо Пайғамбар (с), пайваста ҳазрати Хадиҷа(с) ҳамдаму ҳамфикр ва ҳамгом бо он ҳазрат буд ва бо вуҷуди сарват ва шукӯҳ ва ҷамолу камол, роҳи фурӯтанӣ ва итоат аз ҳамсари бузургаворашро дар пеш гирифт ва натанҳо дар ҳамон бархурдҳои аввалия аз бо камоли адаб ва тавозӯъ худро каниз ва хидматгузори ӯ хонд, балки дар саросари зиндагӣ пур аз ишқи худ бо Пайғамбар(с) ҳамвора беҳтарин ёвар ва меҳрубонтарин мӯнис ва вазир ва мушовири коромади он ҳазрат буд; ба тавре, ки навиштаанд:

«كانت خديجة وزيرة صدق علي الاسلام و كان رسول الله يسكن اليها؛

Хадиҷа(с) вазири ростини ислом буд ва РасулиХудо(с) бо [меҳрубони] ӯ оромиши хотир меёфт.»

ПайғамбариАкрам(с) пеш аз беъсат, ҳар моҳ чанд рӯзу ҳар сол моҳиРамазонро барои ибодат ва ниёиши орифона ба ғориҲиро мерафт ва ҳазрати Хадиҷа(с) на фақат монеи иҷрои барнома ибоди ҳамсараш ва рафтани ӯ ба ғориҲаро намешуд, ки худ низ мушаввиқи он ҳазрат буд ва ҳар бомдод ва шомгоҳ ӯро бадрақа мекард ва дар ҳангоми бозгашт ба пешвозаш мерафт. Гоҳ барояш об ва ғизо мебурд ва гоҳ ғуломон ва наздикони худро дар атрофи кӯҳиҲиро ба муроқибат аз ҷони гироми Пайғамбар(с) мегумошт ва худ ба интизори бозгаштани маҳбубаш ба сар мебурд.

Ба хотири ҳамин ҷиҳат, РасулиАкрам(с) низ ҳамвора ба Хадиҷа(с) – чӣ дар замони ҳаёти ӯ ва чӣ баъд аз реҳлати ҷонсӯзи ӯ - ишқ меварзид; чунонки ривоят шуда: «كَانَ لَهَا مُحِبّاً وَ بِهَا وَامِقاً Пайғамбар(с) нисбат ба Хадиҷа(с) муҳиб ва ошиқ буд.»

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст