bo ham bisozen

Дар қадим бештар мегуфтанд, ки духтар бояд созгор бошад. Барои писар вазифаи созгориро қоил набуданд. На! Ин назарияро ҳоло на коршиносони масалаи хонавода қабул доранд ва на Ислом инро тасдиқ мекунад. Ислом мегӯяд, ки духтару писар ҳарду бояд бисозанд. Бояд биноро бар ин бигузоранд, ки хонаводаро солим ва комил ва ором ва бо муҳаббату ишқи мутақобил аз якдигар нишон диҳанд ва инро идома бидиҳанд ва ҳифз кунанд. Агар иншоаллоҳ ин ишқи дутарафа фароҳам шуд, ки фароҳам карданаш ҳам бо равишҳои дуруст ва саҳеҳ ва тарбиятҳои исломӣ мушкил нест, ин хонавода ҳамон хонаводаи солиме хоҳад буд, ки ҳам илми равоншиноси ва ҳам коршиносони масалаи оила ва назарипардозони  Ислом мавриди тасдиқ қарор доданд.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст