Oila 02

Заҳмат ва аҳамияти вазифа ва корҳои дохили хонагии занон камтар аз вазифа ва корҳои беруни хона нест. Шояд заҳматаш бештар ҳам бошад. Ӯ барои идораи ин муҳит ба талош ва кушиш эҳтиёҷ дорад, ки хеле кори пурарзиш ва зариф аст. Фақат ҳам зарофати занона аз ӯҳдаи он мебарояд. Ҳеҷ марде наметавонад ин зарофатҳоро риоят кунад. Зан дар хона бекор нест. Як гуруҳ хаёл мекунанд зан дар хона бекор аст. На нодуруст аст, зан дар хона, бештарин ва сахттарин ва зарифтарин корҳоро анҷом медиҳад. Муҳимтарин кор барои зан ин аст, ки зиндагиро бонишот нигоҳ дорад. Дар инҷо мо бояд виҷдон ва дарк ва огоҳии худро ба кор бибарем то ин заҳматҳо ва меҳнатҳоро бифаҳмем ва қадрадони кунем то зиндагии мо ширин ва бо тафоҳуми ду тарафа беҳтар гардад.

Бачадорӣ ҳунари бузург ва махсуси зан аст;

Баъзе аз корҳои хона хеле сахт ва тоқатфарсо аст. Бачадорӣ аз он корҳои сахт аст. Шумо ҳар кори душвореро дар назар бигиред, дар муқобили бачадорӣ осон аст. Бачадорӣ ҳунари хеле бузурге аст. Мард як рӯз ҳам наметавонад ин корро анҷом диҳад. Занҳо бо диққат, ҳавсала ва зарофате, ки Худои Мутаол дар вуҷудашон қарор додааст, ин кори бузургро анҷом медиҳанд ва инсонро воқеан фарсуда мекунад ва аз пой меафтонад. Ин таклифи бузурги Илоҳиро танҳо зан аз уҳдааш мебарояд.

Ҷамъи байни кор ва зиндагӣ

Ҷавононе, ки машғули кору талош ва таҳсили илм ва дониш ҳастанд, бо гирифтани ҳамсар, бо издивоҷ, набояд таҳсилот ва фаъолият ва корро таътил кунанд.

Вақте кор ва шуғл доранд, аз хона ва зиндагӣ қаҳр накунанд ва ё мисли қаҳриҳо рафтор надошта бошед. Баъзеҳо субҳи зуд берун мераванд то соати 10 ва 12 шаб. Не! Мо маъмулан ба касоне, ки барояшон мумкин аст роҳнамои  мекунем, ки  зуҳрҳ бираванд бо зану бачаҳояшон бошанд ва дар муҳити хона ғизояшонро бихуранд, як соате бо ҳам бошанд, баъд дунболи корашон биёянд, боз ҳатман дар замони муносиб, аввали шаб бираванд бачаҳоро бибинанд, мулоқоти хонаводагии ҳақиқӣ дошта бошанд. То он зан ва баччҳояшон аз муҳаббати падарона ва вуҷуди бо баракати падар баҳраманд шаванд. Шумо ин баракати вуҷуди падаронаро кам ва беарзиш нашуморед, ҳатман баракатҳои фаровоне дорад. Агар ин баракатро кам ва беарзиш донистед, дар ин сурат фардо зарарҳои ҷубронопазире хоҳад дошт. Чун муҳаббати падар барои ҳар фарзанде бештар аз пули ӯ ниёз аст. Пас бояд дар тамоми зиндагӣ таодул ва миёнаравиро риоят кунем. Аз фурсатҳо беҳтари истифодаро бибарем, то ҳам оилаи солим ва ҳам ҷомеаи солим дошта бошем. Саодат ва ширинии зиндагиро ҳам дарк ба хуби дарк  ва ламс кунем.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст