Инсонҳо барои боқӣ мондан ва ҳаёти худ ниёз ба чизҳое доранд, аз он ҷумла таому либос, маскан ва ҷои зиндагиро метавон номбар намуд. Ҳамчунин ғайр аз инҳо ниёзҳое доранд, ки зану фарзанд, ниёзҳои фарҳангӣ, маънавию динӣ, сиёсию иҷтимоӣ ва ғайра мебошанд. Иҳтиёҷоти инсон дар соҳаи сиёсат ҳамон давлату ҳукуматдорӣ ва он чӣ барои он лозим аст ва дар соҳаи иҷтимоӣ ҳам масъалаи қазовати ҷурму ҷиноятҳо ва мукофоти хатокорон ва барнома-резиҳои фарҳангӣ метавонад бошанд. Дар байни ниёзмандиҳои инсон, иқтисод муҳимтарин ниёз аст ва бидуни он дар ҳаёти иҷтимоие, ки дорад наметавонад давоми зиндагӣ диҳад.

Агар фарз бар он бошад, ки дар як замоне инсон танҳо зиндагӣ карда ва ҳеҷ гуна широкату ҳамроҳиеро барои он тасаввур накунем, дар он замон дигар иқтисодро наметавон матраҳ намуд ва аз заруриёти зиндагии он наметавонад номида шавад, чун худаш ва худаш аст, ки ниёзҳояшро ба даст оварда ва дар ҳақиқат мекораду мехӯрад.

Аммо аз он ҷиҳат, ки инсон аз аввал камтарин ҳолате, ки бар он тасаввур мегардад зиндагии хонаводагие аст, ки ҳарчанд хӯрду калон дар корҳо ва касби маоши зандагӣ тақсими корҳое доштааст. Масъулияти таъмини ниёзҳои хона аз берун ба души мардону сарпарастони хонавода буда ва бо доду ситаду кишту кор ва..., касби зиндагиро барои занони хона, ки идораи манзилро доранд осон мекардааст. Ин робита мумкин аст бо кору тавлид бошад ва ё истифода аз табиат ва он чӣ дар он рӯидааст, ки ҳар дуи он дар робитаи иқтисодии он иҷтимоъ тасаввур мешавад. Масалан як гуруҳ моҳиҳоро аз об сайд мекунанд ва гуруҳи дигар меваҷоту сабзиҷотро аз кӯҳу ҷангал таҳия намуда бо ҳамдигар мубодила ва истифода менамоянд. Дар инҷо метавон қайд намуд, ки равобити иқтисодии инсонҳо вақте эҷод мегардад, ки равобити иҷтимоӣ барқарор бошад. Хоҳ ин робитаҳо тасовӣ ва бо таодул бошад ва ё каму зиёд бар асосӣ қудрату фазилат ва ё... . Албатта дар инҷо метавонад ҳолате ҳам мутасаввир гардад, ки ниёзҳо он қадар зиёд бошад, ки дигар ниёз ба мубодила набошад, чунон ки аз боду ҳаво истифода мешавад, дар амри маошу таом ва дигар ниёзмандиҳо ҳама битавонанд истифода бибаранд, дигар ҷое барои амри иқтисодӣ боқи намемонад ва моликияти шахсӣ ва умумӣ матраҳ намегардад. Равобити иқтисодӣ ҳамчун дигар робитаҳои иҷтимоӣ як амри қарордодӣ аст. Дар робитаҳои иҷтимоӣ мафҳумҳое ҳамчун раис ва маръус, фармон ва фармонбардор ва ғайра пеш меояд ва дар равобити хосси иқтисодӣ бошад моликият ва мамлукият, ҳаққ ва талаб, мубодила ва доду ситад. Яъне бо пайдо шудани иштирок ва тақсими кор дар умури ҳаётӣ, худ ба худ қарордодҳоеро, ки гуфта шуд эҷод мекунад ва лозим мегардад то муқарраротеро, ки ҳар кадом мафоҳиму маонии худро дорад таъйину қабул гарданд, ки агар дар бахши иқтисодии он бошад ба равобити иқтисодӣ номбар мегарданд.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст