Дар шариати муқаддаси Ислом, ончи муайян шудааст ин аст, ки духтару писар бояд куфви якдигар бошанд. Муҳимтарин масъалаи куфв, иборат аст аз имон, яъне ҳар ду мӯъмин, мусулмон, парҳезкор ва аҳли амал ба онҳо бошанд. Вақте тақво ва покдоманӣ ва таҳорати духтару писар маълум шуд, дигар чизҳоро Худои Мутаол таъмин мекунад. Дар Ислом меъёри завҷият дин ва тақво аст.

"اَلمُؤمِنُ کُفوُ المُؤمِنَةِ وَ المُسلِمُ کُفوُ المُسلِمَةِ"

Ин меъёри дин аст.

Албатта зану шавҳар ҳар кадом, ки дар роҳи Худо пешқадам, фидокор, огоҳ ва барои бандагони Худо судманд бошад, болотар ва беҳтар аст. Мумкин аст зану мард дар ин сифот бо ҳам баробар набошанд, вале ин масъала айб нест ва ҳар кадом саъй кунанд ин сифатҳоро дар худ зинда ва бештар кунанд.

Шукри неъмати издивоҷ

Ин марҳала аз зиндагиро, ки вориди зиндагии якҷоя мешавед ва хонавода ташкил медиҳед, яке аз неъматҳои бузурги Илоҳӣ бидонед ва шукр кунед. Ҳамаи ончи ки мо дорем аз Худо аст. Таваҷҷӯҳ ба ин неъмат хеле аҳамият дорад. Инсон одатан ба хеле аз неъматҳо таваҷҷӯҳ надорад.

Баъзе издивоҷ мекунанд ва ба анвоъи хубиҳо мерасанд ва зиндагии ширину хубе ҳам мегузаронанд, вале намефаҳманд, ки ин чи неъмати бузург ва ҳодисаи таъйинкунанда ва муҳимме дар зиндагӣ аст. Вақте нафаҳмиданд, шукри онро ҳам ба ҷо намеоваранд ва аз раҳмати Илоҳӣ, ки бо шукр ба инсон мерасад, маҳрум мемонанд. Пас бояд инсон таваҷҷӯҳ кунад, ки ин чи неъмати бузурге аст ва шукри ин неъмат чигуна аст? Як вақт инсон дар шукр, фақат ба забон мегӯяд, ки Худоё, шукр ва дар дили ӯ ҳам хабаре намешавад. Ин лақлақаи забон аст, аммо як вақт инсон ҳақиқатан дар дилаш аз Худои Мутаол, сипосгузорӣ ва ташаккур мекунад. Ин хеле арзиш ва таъсир дорад. Интизор ин аст, ки бо ин неъмат хуб рафтор кунем. Ин рафтори хубро Ислом муайян кардааст, ки ҳамон ахлоқу ҳикмати хонавода аст.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст