Ниёзи инсон ба зиндагии иҷтимоӣ ва ташкили хонавода, ниёзи фитрӣ ва дарунӣ аст. Мутобиқ будани ниёзҳои дарунӣ ва имконоти берунӣ - ки мисдоқи комили ҳикмати Илоҳӣ аст - ин имконро фароҳам овардааст то инсон бо рӯй овардан ба издивоҷ ба ин майли ботинӣ ва хостаи табии хеш посух диҳад. Таълимоти динӣ аз ҷумла оёти Қуръон карим, дар баёни фалсафаи издивоҷ ба ҳамин асл таваҷҷӯҳ дошта, пайванди заношӯиро, ки аз зеботарин лаҳзаҳои зиндагии занону мардон аст, аз оёти Илоҳӣ ва сарчашмаи оромиш ва осоиш медонад:

وَمِنْ آيَاتِهِ أَنْ خَلَقَ لَكُم مِّنْ أَنفُسِكُمْ أَزْوَاجًا لِّتَسْكُنُوا إِلَيْهَا ً...

Ва боқӣ мондани наслро натиҷаи ин амри муборак ва пурбаракати издивоҷ мешуморад:

وَاللّهُ جَعَلَ لَكُم مِّنْ أَنفُسِكُمْ أَزْوَاجًا وَجَعَلَ لَكُم مِّنْ أَزْوَاجِكُم بَنِينَ وَحَفَدَةً

Расули Акрам((салаллоҳу алайҳи ва олиҳ)) низ издивоҷро суннати хеш хонданд то бо нисбат додани ин кор ба худашон, бар арзиши он бияфзояд ва аҳамияти онро бар пайравони хеш бештар бинамояд ва бар анҷом додани сари вақтии он таъкид варзад ва ин суннати табииро бо суннати Илоҳӣ ба ҳам омезад то мусулмонон бо подош ва савоб низ ба ин кор шавқу рағбати дучандон биварзанд ва бо ташкили хонавода, дар тарбияти инсонҳои бофазилат, диндор, солим ва бомуҳаббат ва ниҳоятан барои ҷомеаи ҷаҳонии тавҳидиро бикушанд то ба бор биншонанд.

Динӣ шудани издивоҷ дар мактаби Ислом, пайванди заношӯиро аз адён ва мазоҳиб ва дигар қавмҳо ва миллатҳо мумтоз ва ҷудо гардонидааст.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст