Баёни кулли порсо будани зан ба унвони меъёре барои як зани хуб, инсонро дар таъини мисдоқҳои он дучори тардид мекунад бинобар ин милокҳоеро барои зани хуб баён мекунем. Мушаххастарин меъёри зани шоиста хуб шавҳардори аст. Дар ҳадисе аз имом Боқир(а) нақл шуда аст ҳазрат фармуд: “Худованд бар мардон ва занон ҳар ду ҷиҳод навишта аст ҷиҳоди мард бахшиши мол ва ҷон аст то кушта шавад ва ҷиҳоди зан он аст ки бар ғайрат ва нороҳатиҳои шавҳар сабр кунад.”

Бинобар ин сабри зан дар муқобили номулоимон ва носозгори шавҳар дар ҳадди ҷиҳоди шавҳар сутуда шуда аст ва ҳам чунин ҷиҳоди зан хуб шавҳардори тавсиф шуда аст.

Беҳтарин занон дар тавсифи Паёмбари Ислом(с) зеботарини онон ҳастанд, ки кам меҳртарин бошанд, ҳам чунин фармуд мехоҳед беҳтарин занонро муаррифи кунам? Гуфтанд: Бале ё Расулаллоҳ фармуд: Беҳтарин занон он аст ки бачча зиёд меоварад ва бо отифа ва муҳаббат ва афиф ва пушида бошад, дар хонаводааш азиз ва муҳтарам ва барои шавҳар мутавозеъ ва фурутан бошад, бо шавҳар шуху мизоҳгар ва нисбат ба дигарон ва бегонагон мастур ва худдор бошад ба сухани шавҳар гуш фаро диҳад, фармонбардори намояд дар хилват худро барои ӯ биёрояд.

Марде ба маҳзари Паёмбари Ислом(с) омад ва гуфт: Эй Раслуи Худо(с) ҳамсаре дорам ки чун ба хона меравам ба пешвозам меояд ва вақте берун меравам бадрақаам менамояд ва агар маро ғусса дор бинад мегуяд ғам махур ки агар ғами рузи мехури Худованд онро ба уҳда гирифта ва агар барои охират ғам дори ва фикр мекуни Худованд бар фикру ғами ту бияфзояд. Паёмбар(с) фармуд: Ӯро башорати биҳишт деҳ ва ба вай бигу ки ту яке аз омилони Худованди ва дар ҳар рӯз 70 подоши шаҳид барои ту хоҳад буд.

Дар ҳадиси дигаре Абиҳамза аз Ҷобири Ансори, саҳобаи Паёмбар(с) нақл кард, ки шунидам Ҷобири Ансори сухан мегуфт аз ҷаласае ки дар маҳзари Раслуи Худо(с) доштанд ва дар бораи занонв а фазилати баъзе аз онон нисбат ба баъзеи дигар сухан ба миён омада буд. Паёмбари Ислом(с) фармуд: Оё моилед аз беҳтарин занони шумо хабар диҳам?

Ҳозирон гуфтанд: Бале ё Расулаллоҳ. Сипас Паёмбар(с) фармуд беҳтарин занони шумо заноне ҳастанд, ки фарзанд ба дунё оваранад ва маҳҷуб ва пушида бошанд дар байни хонаводаи худ бо иззат ва назди шавҳарашон мутавозеъ ва фурутан бошанд барои шавҳарашон худро биёроянд ва аз бегонагон худро бипушонанд ва амри шавҳарро итоат кунанд ва худро дар ихтиёри вай қарор диҳанд.

Онгоҳ аз Расули Худо(с) нақл шуда аст беҳтарин занон он аст, ки хушбу ва хуш хурок бошад. Агар харҷ кунад дар роҳи саҳеҳ ва хуб харҷ кунад ва агар дури намояд ба равши саҳеҳ бошад.

Аз имом Содиқ(а) нақл шуда аст: Беҳтарин занон он аст, ки агар хашмгин шавад ба шавҳар гуяд дасти ман дар дасти туст яъне дар ихтиёри ту ҳастам ба бистари хоб нахоҳам рафт то инки аз ман хушнуд шави аз тамоми ривоятҳо пеш гуфта ин муҳим истифода мешавад ки беҳтарин занон ононе ҳастанд, ки сифатҳои ҷамолу камолро бо ҳамдошта бошанд ва зебои зан дар чеҳра ва андом ва муҳои баланд ӯст ва камоли зан дар фаҳм ва тавозуъ дар баробари шавҳар ва ғайрат дар муқобили бегонагон аст.

Зани хуб ба унвони ҳамсар ва завҷаи мард он қадар дар ислом таъқид шуда аст, ки ҳазрати Расули Худо(с) фармуд: Ҳеҷ марде баъд аз ислом нафъе болотар аз ҳамсари мусулмон оидаш намешавад, ки чун ба ӯ бингарад масрур гардад ва чун ба ӯ фармоне диҳад итоат намояд ва дар набуди шавҳар моли ӯ ва номуси худро ҳифз кунад.

Дар ҳикмати Афлотун омада аст аз устувортарин далоили алоқаи мард ба ҳамсараш ва ҳамбастаги миёни он ду, ин аст ки садои зан, зотан поинтар аз садои мард, қувваи ташхис ва тамизи ӯ камтар аз қувваи ташхиси мард ва қалбаш нозуктар ва рақиқтар аз қалби мард мебошад, пас ҳаргоҳ яке аз сифатҳои зан нисбат ба мард фузуни ёбад, ба ҳамон мизон аз мард дур мешавад.

Аз муҳимтарин сифатҳои писандида ва воҷиби зан, покдоманива амонати ӯст, зеро зан дар маърази шаҳвати мардони бегона ва шуълавар шудани ишқ ва эҳсос аз ҳар ҷиҳате аст. Зан молики хона ва ҳофизи амволи шавҳар аст ва аз сӯи дигар дар назди мардум ба заъф ва адами тавонои шуҳрат дорад, пас ногузир бояд занро нисбат ба молу нафс огоҳи дод. Аз беҳтарин сифатҳои зан такаббур аст, ба гунае ки ин кибр ва ғурур, монеъ аз назари мардони бегона, ё тамаъи онҳо нисбат ба занҳо шавад, ин кибр ва ғуру аз сифатҳои мазмум ва нописанд барои мард аст ва дар мавриди зан аз сифатҳои мавриди ситоиш ба шумор меравад. Ҳамчунин бухл дар зан ки худдори аз бахшиши амволе мебошад, ки дар дасти ӯст, аз сифатҳои писандида аст. Зеро ин амал аз тамаъи бегонагон ва дуздон ба амволи вай ҷулугири мекунад. Ҳамчунин сифати тарс дар зан, ки ба маънои тарс аз рафтан ба маконҳои хилват ва сафар дар торикии шаб ва сафар дар саҳро мебошад, мавҷиби муқайяд шудани зан мегардад. Ин сифатҳо бо эҳсос дар иртибот аст ва эҳсос дар зани қавитар аз мард аст.

Ҷиҳоди зан хушрафтори бо шавҳар ва итоат аз ӯст

Ислом маҳрумиятҳои занонро монанди маҳрумияти ҷиҳод дра роҳи Худо бидуни иваз ва ҷуброн ба мисл нагузошта, балки камбуди онро ба муодили он дар фазилат ва мазияти тадорук намуда, масалан неку доштани шавҳарро муодили ҷиҳод қарор дода аст, ин корҳо ва ингуна мазоё чи басо барои мо ки бозори фосиди зиндагонии моро иҳота карда аст, арзише надошта бошад, вале дар назари ислом, ки ҳар чзеро ба баҳои ҳақиқи он месанҷад ва фазоилеро ки марзии Худост, меҷуяд, Худованд низ ҳар чиро ба арзиши он миқдор фармуда ва роҳи махсуси ҳар касро пеши пои вай ниҳода ва онро мусталзим ба он роҳ сохта ва қимати ҳар кас муодили хидмати иснони вай ва ба вазни аъмоли ӯ қарор дода аст, пас дар ислом шаҳодати мард дар майдони набард ва гузашт аз хуни рангин ба неку шавҳардори зан бартари надорад ва ҳоким ки чархи зиндагии иҷтимоиро мечархонад ё қози ки бар муснади қазоват такя мезанад бар зане ки хонадор аст мояи ифтихор надорад бо инки инҳо муносибате ҳастанд, ки агар амал ба ҳақ карда ва бар ҳақ рафта бошанд, ҷуз таҳаммули бори гарон масулияти ҳукумат ва қазоват ва дар маърази илоҷ ва мухотироте барои дифоъ аз ҳуқуи зуафо воқеъ шудан, фоидае надорад. Пас инон чи ифтихоре бар касоне доранд ки дин, онҳоро аз вуруд ба ин корҳо манъ карда ва бар ишон роҳи дигаре пеши ру ниҳода аст. Ин ифтихоротро эҳтиёҷоти мухталифи иҷтимоот ва баргузидаги афроде аз худ барои ҳар коре, зинда ва устувор медорад чаро ки дар ихтилофои шууни иҷтимои ва инсони бар ҳасаби ихтилофи муҳитҳои иҷтимоъ, ҷои инкор нест.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст