Пеш аз инки издивоқ кунед, мумкин аст тасаввуроте дар бораи зиндаги муштарак дошта бошед ки то вақте зери як сақф наравед сиҳҳати онҳо бароятон қатъи намешавад. Зиндаги муштарак қоидаҳое дорад ки безанҳо шояд ҳеҷ гоҳ дарк накунанд. Магар ба таҷриба.

Мо ин қоидаро бароятон шарҳ медиҳем то бо истифода аз таҷрибаи завҷҳои муваффақ, зиндагии муштарак воқеъбинонае барои худ бисозед.

Шамшери ду лабаи хашм

Ин тафаккур ки ҳамсарон бояд хашмҳояшонро тахлия кунанд, ҳам дуруст аст ва ҳам иштибоҳ. Агар асабони ҳастед, шакке нест ки чизе барои гуфтугу вуҷуд дорад аммо оё бояд ҳамон замон ки асабони ҳастед дар бораи мавзуъ суҳбат кунед? Ҳатман не! Маҳорати канор омадан бо ҳаяҷонот чизе аст ки шумо бояд биёмузед.

Бояд иҷоза диҳед ҳаяҷонатон фурукаш кунад ва баъд, дар бораи мавзуъ суҳбат кунед. Хашм, як аломати тавққуф аст, яъне вақте эҳсоси хашм мекунед, ё мебинед ки ҳамсаратон асабони мешавад, гуфтгугуро тамом кунед. Як вақт таваққуф барои ором шудан бигиред, ё бо ҷойгузин кардани мавзуъ, он ҳам ба як масъала оромтар, ё бо берун рафтани кутоҳе аз хона барои овардани як пиёла оби хунак.

Иртиботи муассир

Иртиботи муассир яъне ҳисси самимият ва эҳтиром миёни шумо вуҷуд дошта бошад ва битавонед санҷида эҳсосатонро мунтақил кунед. Самимият, вақте рушд мекунад ки завҷҳо дар мавриди эҳсосоташон бо ҳам суҳбат кунанд ва эҳсосоташон мусбат бошад. Ҳар чи бештар мувофиқат, қадрдони ва хуши ба иштирок бигузоред, дар робитаатон эҳсоси хушҳоли бештаре хоҳед кард.

Мусбатгарои дар забонатон иртиботи ошиқонаро тақвият мекунад ва бар акс, барқарори иртибот ба шакли озордиҳанда, эҳсосоти манфи, бемайли ва фосиларо бармеангезад. Барқарори иртибот озордиҳанда маъмулан ё мунтақидона аст ё контроли. Яъне як тараф робита ҳамеша ғолиб ва таинкунанда аст ва тарафи дигар мағлуб ва таслим. Лаҳни эъломи назаратон ҳам метавонад интиқод ё контролро интиқол бидиҳад, ҳатто бидуни калима. Барои боло бурдани шонси гуфтугу муваффақ, ҳатман бо пурсидани савол, ҳамсаратонро ба иштирокгузори назараш даъват кунед. Саволҳои бепоён боз бо муҳтавои читавр ё чи, бештарин додаро берун мекашанд, назарат чист...? ба назари шумо читавр аст...?

Пофишори ва якрави

Рафторе ба шакли “ҳаққ бо ман аст” ва “ту хато мекуни” монеи гуш додани шумо ба дидгоҳи ҳамсаратон хоҳад шуд. Шумо ду нафаред ва ҳар ду дидгоҳ бояд ба ҳисоб биёянд. Ин бовар ки шумо беҳтар медонед, мумкин аст шуморо васваса кунад ки дидгоҳҳои ҳамсаратонро рад кунед ва нодида бигиред. Пофишори руи ҳарф ва назари худатон метавонад шуморо ба бун басти талоқ бикашад.

Иртиботи озордиҳанда маъмулан ё мунтақидона аст ё контроли. Яъне як тараф робита ҳамеша ғолиб ва таинкунанда аст ва тарафи дигар мағлуб ва таслим.

Маҳорати баҳс кардан

Ин тафаккур ки агар бо ман баҳс ва ҷадал куни, ҳатман аз ман хушат намеояд, аз поя ва асос иштибоҳ аст. Ҷадал кардани нишонае аз камбуди маҳорат аст. Дар воқеъ баҳс ва ҷадал маъмулан дар хонаводаи асилатон ба шумо ёд дода мешавад. Агар хонаводаи шумо аҳли даъво будаанд ё агар дар як хонаводаи як нафари сарпараст бо даъвоҳои падару модар бо фарзанди бузур шудаед ”рафтор кардан бар асоси табиат” эҳтимолан яъне такрори ончи ҳангоми бузург шудан мушоҳида кардед ва анҷом додаед.

Ба ин тартиб баҳсу ҷадар ба ин маъно нест ки шумо ҳамдигарро дуст надоред. Баҳсу ҷадал ба ин маъно нест ки шумо ду нафар бо ҳам тафоҳум надоред, балки ба ин маъност ки беҳтар аст мудирияти хашм, иртибот бо ҳамсар ва маҳорати тасмимгири муштаракатонро иртиқо диҳед. Шарокати зиндаги ва издивоҷ як фаоиляти бисёр моҳирона аст. Ҳар завҷе ихтилофоти худро доранд, дуруст мисли ҳар роҳе ки пасти ва баланди дорад. Даъво мисли замин хурдан дар роҳҳои пур печу хам аст; яъне шумо танҳо бо як мушкил дар маҳорат ру ба ру мешавед.

Се мушкили асоси издивоҷ

Чизе ки босиси шикасти издивоҷи хеле аз завҷҳо мешавад, якравии яке аз онҳо бар яке аз ин се рафтори номуносиб аст:

Муътод шудан (нашъаманди) хиёнат ва хашми беш аз ҳадд. Агар завҷе ки бо ин мушкилот даргир аст тағири асоси дар рафтораш бояд иҷод кунад, масъала метавонад дуруст шавад. Дар ғайри ин сурат бидуни шак робита ба талоқ мерасад.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст