Марде аз аҳли ҳабаша назди Расули Худо(с) омад ва гуфт: Ё Расули Худо! Гуноҳони ман бисёр аст. Оё дари тавба ба рӯи ман низ боз аст? Расули Худо(с) фармуд: Бале роҳи тавба бар ҳамагон, ҳамвор аст. Ту низ аз он маҳрум нестӣ. Марди ҳабашӣ аз назди Паёмбар(с) рафт. Мудате нагузашт, ки бозгашт ва гуфт:  Ё Расули Худо! Он ҳангоме ки маъсият ва гуноҳ мекардам, Худованд маро медид? Паёмбари Худо(с) фармуд: Бале,  медид.  Марди ҳабашӣ, оҳи сард кашид ва гуфт: Тавба ҷурми гуноҳро мепушонад, чӣ кунам бо шарми он? Дар дам наърае заду ҳамон ҷо ҷон дод.
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст