Бо ишора ба вижагиҳои мусбаташ ба ӯ кӯмак кунед то худашро бовар кунад.
Ба ҷои он ки бигӯед: Ин қадар хиҷолат накаш! Ту, ки зудтар аз ҳама ҷавоби мусобиқаро фаҳмидӣ чаро натавонистӣ ҷавоб диҳӣ?
Метавонед бигӯед: Чи қадар зуд ҷавоби дурустро пайдо кардӣ! Ин натиҷаи диққате аст, ки дорӣ. Ин ки саъй мекунӣ аввал фикр кунӣ ва баъд сӯҳбат кунӣ хеле хуб аст. Кош ҷавобатро эълом мекардӣ. Албатта муҳим ин аст, ки метавонӣ ҷавоби дурустро пайдо кунӣ.
Шароите фароҳам оваред, ки битавонад бо бачаҳое, ки каме аз худаш майдатаранд бозӣ кунад ва ба ин тартиб тавоноии худро нисбат ба як ҷамъи дигар ошкоро бубинад то бардошти мусбат нисбат ба худ пайдо кунад.
Ба ҷои он ки бигӯед: Ту набояд байни ин бачаҳое, ки аз ту майдатаранд биравӣ ё ту бояд бо ҳам синну солҳои худат бозӣ кунӣ.
Метавонед бигӯед: Ин хеле хуб аст, ки ту метавонӣ байни онҳо назм эҷод кунӣ ва бозии гуруҳиашонро идора кунӣ. Онҳо намедонанд чи кор кунанд. вале ту метавонӣ ин мушкилро барояшон ҳал кунӣ.
Замоне ки хиҷолат мекашад бо ӯ ҳамдардӣ кунед. Ба ҷои ин ки бигӯед: Магар бақия мехоҳанд туро бихӯранд, ки ин қадар хиҷолат мекашӣ ва обрӯи моро мебарӣ?
Метавонед бигӯед: Аввалаш сахт аст, ки одам дар як ҷамъи бузургтар аз худаш сӯҳбат бикунад, ман ҳам ҳамин тавр будам. Одам метарсад, ки ҳарфаш хато бошад ва обрӯяш биравад. Дуруст мегӯям? Ту ҳам ҳамин таври фикр мекунӣ? Вале нигарон набош! Ман ба ту кӯмак мекунам то муваффақ шавӣ. Мувофиқӣ?
Ба нармӣ водораш кунед то сӯҳбат кунад.
Ба ҷои ин ки бигӯед: Агар боз ҳам хиҷолат мекашӣ намехоҳад аслан чизе бигӯӣ, худам замони сабти ном ба мактаб барояшон ҳама ҷизро мегӯям.
Метавонед бигӯед: Мехоҳем барои сабти ном ба мактаб биравем. Мумкин аст саволҳое бипурсанд, ки ман ҷавоби онҳоро надонам ва фақат ту битавонӣ ҷавоб диҳӣ. Пас ҳар кадом ба саволҳои худамон ҷавоб медиҳем ва агар лозим шуд ба ҳам кӯмак мекунем.
Барои қарор гирифтан дар мавқеияти нав омодааш кунед.
Ба ҷои ин ки бигӯед: Ҷое, ки мехоҳем биравем хеле муҳим аст! Мувозиб бош обрӯямонро нарезӣ. Агар аз ту чизе пурсиданд хеле хубу боадаб ҷавоб бидеҳ” ва бо ин кор нигарониашро бештар кунед.
Метавонед бигӯед: “Меҳмонии имшаб барои мо ҳам тозагӣ дорад. Ҳамкорони падарат онҷо ҳастанд! Фикр мекунам битавонем дӯстони наве пайдо кунем.”
Саъй кунед бо ворид кардани ӯ ба ҷамъҳои хурдтар ва ошно барои вуруд ба ҷамъҳои бузургтар омодааш кунед.
Ба ҷои он ки бигӯед: Ин ҷо фақат ду ё се то бачаи ҳам синну соли ту ҳаст. Бирав пеши онҳо то ҳадди ақал як дӯст барои худат пайдо кунӣ”.
Метавонед бигуед:”Чи хуб! Як ҷамъи хурд ва дӯст доштанӣ! Фикр мекунам хеле хуб битавонед бо ҳам дӯст шавед! Ба назар мерасад онҳо ҳам дӯст дошта бошанд, ки ту ҳамбозиашон шавӣ. Фикр кунам агар бо асбоббозиҳоят пеши онҳо биравӣ хеле хушҳол мешаванд.”
Барои ӯ мавқеияте эҷод кунед то дигарон ҳам ба сӯяш биёянд.
Ба ҷои он ки бигӯед: “То замоне ки худат бо касе дӯст нашавӣ танҳо мемонӣ”.
Метавонед бигӯед: “Мо мехоҳем барои ҷашни таваллудат ҳам синну солҳои туро даъват кунем. Фикр мекунам хеле хуб бошад, ки бо интихоби худат, корти даъват ва як ҳадя барои онҳо таҳия кунем то худат ба онҳо бидиҳӣ. Ҳатман хушҳол мешаванд. Дӯст дорӣ?”
Рафторҳои иҷтимоии ӯро ташвиқ кунед.
Ба ҷои он ки бигӯед: “Чи аҷаб! Билохира як бор ҳам узви гуруҳи суруди мактаб шудӣ?”
Метавонед бигӯед: ”Хеле хуб аст! Чи вақт қарор аст сурудатонро иҷро кунед. Дӯст дорам он рӯз дар ҷашни мактаб ширкат кунам.”
Ҳадафҳои дастёфтани барояш таъин кунед то битавонад зудтар онҳоро амал кунад ва ба ин тартиб эҳсоси хубе нисбат ба тавоноиҳояш пайдо кунад.
Ба ҷои он ки бигӯед: “Ту чаро наметавонӣ як номаи хуб барои дӯстонат бинависӣ ё аз китобе пайдо кунӣ?”
Метавонед бигӯед: “Ман дар ин китоб як матлаби зебо пайдо кардам, ки фикр мекунам ба ту ҳам хуш ояд. Метавонӣ аз рӯи он бинависӣ ва ба ҳамдарсҳоят бидиҳӣ то онҳо ҳам истифода кунанд. Ростӣ метавонӣ худат матолиби дигаре аз китоб пайдо кунӣ, ки зебо бошанд?”
Рафтори табиӣ ва дурусти ӯро ба рӯяш биёваред. Ба ҷои он ки бигӯед: “Ту, ки аввал омадӣ ва канори мо дар он ҷамъ нишастӣ чи мешуд, ки то охир ҳамин корро мекардӣ ва намерафтӣ?”
Метавонед бигӯед: “Аввал, ки вориди он ҷамъ шудем, эҳсоси хубе доштем, вале каме ки гузашт ҳаво гарм ва сангин шуд ... ту хеле хуб дар ибтидо ба ҳама салом кардӣ ва канори мо дар ҷамъ нишастӣ.”
Бо гуфтугӯи дӯстона шароитеро, ки дар он қарор дорад баён кунед.
Ба ҷои он ки бигӯед: “Касе аслан ҳавосаш ба ту нест, чаро ин қадар дасту поҳоятро гум мекунӣ!”
Метавонед бигӯед: “Азизам! Ҳамаи одамҳо дар шароити хоссе мумкин аст каме эҳсоси изтироб ё хиҷолат бикунанд. Иллаташ ин аст, ки мо ҳамаи одамҳоро, ки намешиносем. Чизеро ҳам ки намешиносем бароямон шигифтовар аст ва ҳаяҷонӣ мешавем, ин ҳаяҷон каме моро сурх мекунад ва .. вале агар ба ин фикр кунем, ки ошноӣ бо шароити нав метавонад барои мо хеле хуб бошад он вақт тавоноии сӯҳбат кардани беҳтаре пайдо мекунем ва ...”
Барояш достоне бихонед, ки қаҳрамони он бо ғалаба бар хиҷолаташ метавонад мушкилашро ҳал кунад.
Бо ӯ бозӣ кунед! Бозӣ метавонад мушкили камрӯии кӯдаконро бартараф ва хеле кӯмак кунад. Ба вижа агар битавонед бо ҳузури ҳамсолонаш ин бозиро шакл бидиҳед натоиҷи қобили таваҷҷӯҳе мегиред.
Метавонед бигӯед: “Ман метавонам нақши душманеро бозӣ кунам, ки ба хоки шумо ҳамла карда аст! Шумо бо кӯмаки ҳамдигар манро шикаст бидиҳед. Барои оғози бозӣ панҷ дақиқа фурсат доред пас бо ҳам машварат кунед.”

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст