چاپ


Бо хиҷолати кӯдакамон чӣ кор кунем?
 Вақте аз кӯдакам чизе мепурсанд, сарашро поин меандозад, пушти сарам пинҳон мешавад, остини либосашро меҷавад ва ҳар коре мекунад ҷуз ҷавоб додан ба савол. Баръакси бачаҳои дигар аслан дӯст надорад ба меҳмонӣ биравем. Агар дар ҷамъ аз ӯ бихоҳем шеъреро, ки медонад бихонад, намехонад ва шарманда мешавем! Мегӯянд, ки бузург шавад хуб мешавад, аммо ман нигаронам.
Хиҷолат чист?
Оё кӯдаки ман ҳам хиҷолатӣ аст?
Оё кӯдаки ман фарқи хиҷолату адабро медонад?
Оё хиҷолати кӯдакам дар ояндаи ӯ мушкил ба вуҷуд намеорад?
Барои бартараф кардани ин мушкил чӣ кор кунам?
Ончи бояд бидонем
Хиҷолат чист? Оё ҳаяҷон ё сифати генетикӣ аст? Рафтори иҷтимоӣ ё амре омухтанӣ аст?
Ҳар таъриферо, ки бипазирем камрӯӣ ва хиҷолат дар кӯдакон муҳим ва қобили диққат аст, чунки бачаҳои хиҷолатӣ таркибе аз эҳсоси тарс, таниш, нигаронӣ ва хиҷолатро бо ҳам таҳаммул мекунанд. Агар ин фишори зиёд, кам нашавад ва аз байн наравад паёмадҳои номуносибе хоҳад дошт. Ин гуна кӯдакон ба хотири хиҷолаташон наметавонанд ба осонӣ бо дигарон дӯст шаванд ва иртибот барқарор кунанд. Бинобар ин тарҷеҳ медиҳанд ба гӯшае бираванд ва танҳо ба тамошои ҷамъ ва иртиботи иҷтимоии дигарон бинишинанд.
Кам-кам ҳамсолонашон низ онҳоро ба ҳоли худ мегузоранд ва ба кори гуруҳии худашон машғул мешаванд. Бачаҳои хиҷолатӣ эҳсоси худкамбинӣ доранд ва наметавонанд аз ҳуқуқи худ дифоъ кунанд ва наметавонанд мухолифаташонро нишон бидиҳанд, аз баёни назароташон дар ҳузури дигарон метарсанд ва бо бештар шудани ин ҳолатҳо ба мурури замон эҳсоси танҳоӣ ва афсурдагӣ мекунанд.
Онҳо, дар ҳоле ки мумкин аст саршор аз истеъдод ва тавоноӣ бошанд наметавонанд аз тамоми қувои худ баҳра бигиранд. Бачаҳои хиҷолатӣ аз нигоҳи хира мегурезанд, гуфторашон ҳамроҳ бо тардид аст ва ҳангоми сӯҳбат дар ҷамъ садояшон оҳиста аст ва меларзад. Онҳо дӯсти самимӣ ва наздик надоранд.
Чунин бачаҳое корҳояшонро дер мекунанд, беҳавсала, хаста ва нигарони оянда ва танбал ҳастанд, вақте ба мушкиле бармехуранд наметавонанд ба роҳатӣ аз дигарон дархости кӯмак кунанд. Агар аз вазъи мавҷуд норозӣ бошанд бо он месозанд ва эътироз намекунанд. Ба осонӣ хостаи дигаронро қабул мекунанд, гоҳе ҳатто гуноҳу хатои дигаронро ба ӯҳда мегиранд ва аз рақобат бо дигарон дурӣ меҷӯянд, зудранҷ ва беозору парешонанд ва зуд гиря мекунанд, ҳавоси ҷамъ надоранд, фикр мекунанд дигарон корҳоро беҳтар аз онҳо анҷом медиҳанд. Тасвире, ки аз худ доранд, чеҳраи нотавон аст ва ин андешаи манфӣ омили ин эҳсосоти нохушоянд аст.
Таваҷҷӯҳ
Ҳар гӯшанишиниеро наметавон мушкили хиҷолат донист, чун мо дар ҳар синне, ки бошем гоҳе ба танҳоӣ ва хилват ниёз дорем. Агар гӯшагирии кӯдак бо нишонаҳои боло ҳамроҳ бошад, барои камрӯии ӯ бояд фикре бикунед.

Шаҳриёр

زیر مجموعه: Ҷомеа ва Хонавода
بازدید: 2123