چاپ

 Тарбият аз аркони муҳим ва асосии саодати башар аст, хушбахтиҳо ва бадбахтиҳои ҷисмӣ ва равонии як нафар, як хонавода, як миллат ва хулоса тамоми мардуми ҷаҳон вобаста ба навъи тарбияти онҳо аз ҳангоми кудакӣ дорад.

  Ҳарчанд омилҳои ирсӣ ва жинетики низ дар кайфияти ҷисмонӣ ва равонии инсон таъсир доранд аммо ончи, ки дар ин баҳсҳо бештар мавриди баҳси мост, авомили муҳитӣ (иҷтимоӣ) ва таъсири онҳо дар тарбияти кӯдак аст.

  Аз дидгоҳи бисёре аз донишмандон, таъсири тарбият ба андозае аст, ки ҳатто метавон асарҳои сифоти ирсӣ ва женетикро дар инсон аз байн бурда ва сифот ва ҳолатҳои наверо ҷойгузини онҳо менамояд.

Дар Ислом низ масъалаи тарбият аҳмияти зиёде дорад ба андозае, ки метавон гӯфт: усулан ҳадафи аслии фиристодани кутуб ва адёни осмонӣ ва беъсати анбиёи илоҳӣ низ ҳамин тарбияти саҳеҳи башар буда аст.

   Бинобар ин аҳмияти масъалаи таълим ва тарбият дар робита бо ҳидоят ва ё гумроҳии ниҳоии инсон бисёр ошкор ва рушан аст, он  ачи, ки қобили таваҷҷӯҳ ва диққат аст ин аст, ки бидонем тарбияти саҳеҳ ва фоидадор то ҳудуди зиёде вобаста ба ин аст, ки падарон ва модарон аз аввали кудакии фарзандони худ ва ҳатто пеш аз таваллуди онҳо ба ин амри муҳим таваҷҷӯҳ дошта ва ниҳояти кушиш ва талоши худро дар ҷиҳати тарбияти фарзандони солиҳ бакор бибаранд.

  Дар инҷо ба хусус хитоб ба хоҳарон ва модарони азизе, ки тарбияти фарзандро бештар аз мардон ба уҳда доранд, арз мекунем: Шумо хоҳароне, ки дар оянда модар мешавед ва шумо модароне, ки умед доред дар оянда фарзандони солиҳ дошта бошед, бидонед ончи имрӯз дар робита бо фарзанди худ анҷом медиҳед ва ҳамаи ончи, ки бо рафтор ва амали худ ба ӯ меомӯзед, дар оянда натиҷа хоҳад дод ва кудак ҳамчун ниҳоле аст, ки имрӯз ба дасти шумо обёри мешавад ва фардо натиҷаи хуб ва ё бади он ошкор мешавад ва ҳамонгуна, ки як ниҳоли кучак, дар аввал дорои ҳолати таъсирпазири дорад ва ҳаргуна тағйиреро мепазирад ва он ҳолат дар ӯ мемонад, кӯдак низ дар домони шумо ҳаргуна сифати хуб ва ё бади ахлоқиро ёд гирифта бошад барои ояндаи худ захира мекунад, ки фармудаанд:

الْعِلْمُ مِنَ الصِّغَرِ کَالنَّقْشِ فِی الْحَجَرِ؛[1]

"Ончи дар кудакӣ омухта шавад, монанди нақше аст, ки бар рӯи санг, навишта шавад".

 Ҳаргиз гумон накунед, ки шумо фақат вазифа доред идораи зиндагии моддӣ ва нигаҳдории ҷисмии кӯдакро анҷом диҳед балки болотар аз ҷисм ва муҳимтар аст тарбияти ниёзҳои рӯҳ ва равони кӯдак аст, ки асоси шахсият ва ҳақиқати инсонияти инсон низ ҳамин рӯҳи ӯст.[2]


[1] . Бештар дар китоби Девони имом Алӣ (а).

[2]. Тарбияти фарзанди солим ва бо нишот, Муҳсин Ғ.

زیر مجموعه: Ҷомеа ва Хонавода
بازدید: 2369