Ҳакимҷон Камолов;

Паёмбари Худо (с) фармудаанд: “Панҷ чиз аст, ки то ҳангоми марг онҳоро тарк намекунам: таом хӯрдан рӯи замин бо бардагон, савор шудан бар дарозгӯши полондор, дӯшидани шир бо дасти худам, пӯшидани либоси пашмина ва салом кардан бар кӯдакон, то пас аз ман суннат шавад.”

Дар ин навиштор, ривоётеро гирд овардаам, ки нишон медиҳанд, гиромидошт ва эҳтироми кӯдакон, дар ислом аз аҳаммияти волое бархӯрдоранд ва низ нишон медиҳанд, гиромидошт ва эҳтироми кӯдакон, дар ояндаи онон таъсири басазое аз назари равонӣ хоҳад дошт.

Ташвиқ ба дӯстии фарзандон ва дилсӯзӣ ба онон

1.Паёмбари Худо (с): “Ҳар кас фарзандашро бибӯсад, Худованди азза ва ҷалла барои ӯ ҳасана менависад ва касе ки ӯро шод кунад, Худованд рӯзи қиёмат ӯро шод месозад ва касе ки Қуръон ба ӯ биёмӯзад, падару модараш фаро хонда шуда ва ду либос бар онон пӯшида мешавад, ки аз нури он чеҳраҳои биҳиштиён нуронӣ мешавад.”

2. Паёмбари Худо (с): “Агар касе кӯдаки гирёнашро хушнуд кунад, то ором гирад, Худованди азза ва ҷалла он қадар аз неъматҳои биҳишт ба ӯ ато мекунад, ки то хушнуд шавад.”

3. Дар Таърихи Димишқ аз Восила ибни Асқаъ нақл шудааст: “Паёмбари Худо (с) бар Усмон ибни Мазъун (р) ворид шуд, дар ҳоле ки ӯ кӯдаки хурдсолеро, ки ҳамроҳаш буд мебӯсид. Ба вай фармуд: Оё ӯро дӯст дорӣ, эй Усмон? Гуфт: Оре, ба Худо, эй Паёмбари Худо! Ман ӯро дӯст дорам. Фармуд: Оё муҳаббататро нисбат ба ӯ зиёд кунам? Гуфт: Оре, падару модарам фидои ту бод! Фармуд: Касе ки кӯдаке аз наслашро хушнуд созад, то ин ки ӯ хурсанд гардад, Худованд рӯзи қиёмат ӯро хушнуд месозад, то он ҷо ки ӯ хурсанд гардад.”

Сираи паёмбар дар меҳрубонӣ ба кӯдакон ва такрими онон

1. Дар Муснади Ибни Ҳанбал ба нақл аз Валид ибни Уқба омадааст: “Вақте Паёмбари Худо (с) Маккаро фатҳ намуд, аҳли Макка бо кӯдаконашон назди эшон меомаданд ва эшон бар сари онон даст мекашид ва барояшон дуо мекард.”

2. Дар Саҳеҳи Муслим ба нақл аз Амр ибни Саид аз Анас ибни Молик омадааст: “Ҳеҷ касро надидам, ки нисбат ба хонаводааш меҳрубонтар аз Паёмбари Худо (с) бошад.”

3. Дар Саҳеҳи Муслим ба нақл аз Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар омадааст: “Ҳаргоҳ Паёмбари Худо (с) аз сафар бармегашт, нахуст бо кӯдакони хонаводааш дидор мекард.”

4. Дар Маҳаҷҷатул-байзоъ мехонем: “Ҳангоме ки Паёмбари Худо (с) аз сафар бозмегашт, кӯдакон гирди эшонро мегирифтанд ва эшон ба хотири онон меистод. Сипас аз онон мехост, ки боло биёянд. Бархе аз онон аз пеш ва аз пушти эшон боло мерафтанд ва аз ҳамроҳони худ мехост, ки дигар кӯдаконро онон бардоранд. Пас аз ин моҷаро кӯдакон ифтихор карда, ба ҳам мегуфтанд: Паёмбари Худо маро дар оғӯши худ бурд ва туро бар пушти худ ва бархе мегуфтанд: Аз ҳамроҳони худ хост, ки туро бар пушти худ савор кунанд.”

5. Дар Маноқиби Ибни Шаҳрошӯб ба нақл аз Абдулазиз бо санадаш аз Паёмбар (с) омадааст: “Паёмбари Худо (с) нишаста буд, ки Ҳасан ва Ҳусайн (р) омаданд ва чун ононро дид, барояшон бархост ва чун дид суст меоянд, ба самти онон рафт ва бар дӯши худ бардошт ва фармуд: Маркаби шумо чӣ маркаби хубе аст ва шумо чӣ хуб савороне ҳастед ва падаратон аз шумо ҳам беҳтар аст!”

Салом кардан бар кӯдакон

1. Дар Канзул-уммол ба нақл аз Анас омадааст: “Паёмбари Худо (с) ҳаргоҳ бар кӯдакон мегузашт, ба онон салом мекард.”

2. Дар Сунани Тирмизӣ ба нақл аз Анас овардааст: “Бо Паёмбари Худо (с) будам, ки бар кӯдакон гузар кард ва ба онон салом дод.”

3. Паёмбари Худо (с): “Панҷ чиз аст, ки то ҳангоми марг онҳоро тарк намекунам: таом хӯрдан рӯи замин бо бардагон, савор шудан бар дарозгӯши полондор, дӯшидани шир бо дасти худам, пӯшидани либоси пашмина ва салом кардан бар кӯдакон, то пас аз ман суннат шавад.”

Накӯҳиши муҳаббат накардан ба кӯдакон

1. Дар Саҳеҳи Муслим ба нақл аз Уммулмуъминин Оиша (р) омадааст: “Гурӯҳе аз араби бодиянишин хидмати Паёмбари Худо (с) расиданд ва гуфтанд: Оё шумо мусалмонон кӯдаконатонро мебӯсед? Гуфтанд: Оре. Онгоҳ гуфтанд: Вале мо, ба Худо қасам, намебӯсем. Паёмбари Худо (с) фармуд: Ман чӣ кунам, агар Худованд меҳрро аз дили шумо барканда бошад?”

2. Дар Ал-адабул-муфрад ба нақл аз Абӯҳурайра овардааст: “Паёмбари Худо (с) дар ҳоле ки Ақраъ ибни Ҳобиси Тамимӣ хидмати эшон нишаста буд, Ҳасан ибни Алӣ (р)-ро бӯсид. Ақраъ гуфт: Ман даҳ фарзанд дорам, ки ҳеҷ кадом аз ононро набӯсидаам. Паёмбари Худо (с) ба ӯ нигоҳ кард ва сипас фармуд: Касе ки меҳр наварзад, меҳр намебинад.”

Адолат миёни фарзандон

1. Паёмбари Худо (с): “Дар ҳадя додан миёни фарзандонатон бо баробарӣ амал кунед. Агар мехостам касеро бартарӣ диҳам, ҳар оина занонро бартарӣ медодам.”

2. Паёмбари Худо (с): “Миёни фарзандонатон дар бахшидан адолат варзед ҳамон гуна ки дӯст доред онон дар некию мулотифат миёни шумо адолат варзанд.”

3. Паёмбари Худо (с): “Худованди Мутаол дӯст дорад, ки миёни фарзандонатон адолат варзед, ҳатто дар бӯсидан.”

4. Дар Ал-аёл ба нақл аз Ҳасан овардааст: “Ҳангоме ки Паёмбари Худо (с) бо ёронаш сухан мегуфт, кӯдаке ворид шуд ва рафт ва дар гӯшае аз масҷид ба падараш расид. Падар даст ба сараш кашиду вайро бар зонуи рости худ нишонд. Андаке ки гузашт, духтари ӯ омад ва рафт то ин ки ба ӯ расид. Ӯ ба сари ӯ низ даст кашид, аммо вайро рӯи замин нишонд. Паёмбари Худо (с) фармуд: Чаро ӯро бар зонуи дигарат нанишондӣ? Ӯ вайро бар зонуи дигараш нишонд. Паёмбари Худо (с) фармуд: Ҳамакнун адолат варзидӣ.

5. Дар Саҳеҳи Бухорӣ ба нақл аз Нӯъмон ибни Башир овардааст: “Падарам чизе ба ман бахшид, вале (модарам) Умра духтари Равоҳа гуфт: Ман розӣ намешавам, то ин ки Паёмбари Худо (с) шоҳиди ин бахшиш бошад. Аз ин рӯ, падарам назди Паёмбари Худо (с) омад ва гуфт: Эй Паёмбари Худо! Ман ба писаре, ки аз Умра духтари Равоҳа дорам, чизе бахшидаам ва ӯ аз ман хостааст, ки туро шоҳид бигирам. Эшон фармуд: Ба дигар фарзандонат мисли инро бахшидаӣ? Гуфт: На. Фармуд: Аз Худо битарс ва миёни фарзандонат адолат варз. Пас ӯ бозгашт ва ҳадяашро пасгирифт.”

Сухане дар бораи адолатварзӣ дар бархӯрд бо фарзандон

Яке аз мабоҳиси муҳимми тарбиятӣ, адолатварзии волидайн дар изҳори муҳаббат ба фарзандон ва вогузории имконоти моддӣ ба онҳост. Ин масъала аз ду нигоҳ қобили баҳсу баррасӣ аст: фиқҳӣ-ҳуқуқӣ ва тарбиятӣ.

Он чи дар ин ҷо мавриди назар аст, адолатварзӣ нисбат ба фарзандон аз нигоҳи дуввум аст.

Адолатварзӣ нисбат ба фарзандон, метавонад осори тарбиятии муҳиммеро ба дунбол дошта бошад, бад-ин шарҳ:

1. Фарзандон низ мутақобилан ба волидайн лутфу некӣ мекунанд ва ҳуқуқи ононро риоят хоҳанд кард;

2. Онон низ нисбат ба фарзандони худ аз марзи адолат таҷовуз нахоҳанд кард;

3. Адолатварзӣ миёни фарзандон монеъ аз ҳасодату кинатӯзии онон нисбат ба ҳам хоҳад шуд;

4. Муҳимтар ин ки кӯдак аз оғози зиндагӣ бо руҳи адолатварзӣ парвариш хоҳад ёфт ва рафтори одилонаи хонавода, заминаро барои таъмини адолати иҷтимоӣ фароҳам хоҳад сохт.

Баръакс, беадолатӣ ва рафтори табъизомез нисбат ба фарзандон, на танҳо волидайнро аз муҳаббати онон маҳрум мекунад, балки ояндаи фарзандонро низ бо хатар рӯ ба рӯ менамояд. Аз ин рӯ, донишмандони таълиму тарбият дар асри ҳозир, риояти адолат дар бархӯрд бо фарзандонро барои парвариши инсонҳои шоиста зарур медонанд, аммо ислом аз 14 қарн пеш бар ин амр таъкид намудааст ва Паёмбари Худо (с) ба мусалмонон тавсия мефармуд, ки на танҳо дар вогузории имконоти моддӣ, балки дар бӯсидани фарзандон низ адолатро риоят кунанд.

Маълум аст, ки рафтори одилона ба маънои бархӯрди мусовӣ ва яксон нест, чӣ басо риояти адолат эҷоб менамояд, ки падар барои бархе аз фарзандони худ ба далели истеъдоди бештар ё камтар, ё ба далели беморӣ ва ё ҷиҳоти дигар, ҳазинаи бештареро мутаҳаммил гардад. Ин ба маънои беадолатӣ нест. Албатта дар ин гуна маворид низ бояд дигар фарзандонро нисбат ба иқдоми худ тавҷеҳ намоянд.

Ҳамчунин дар сурате ки падар эҳсос кард, ки риояти ҳаққи яке аз фарзандон паёмадҳои манфӣ ва хатарнокеро ба дунбол хоҳад дошт, аз он сарфи назар намояд, чунон ки дар ривоят аст.

Вафо ба ваъда

1. Паёмбари Худо (с): “Кӯдаконро дӯст бидоред ва бо онон меҳрубон бошед ва ҳаргоҳ чизеро ба онон ваъда додед, ба он вафо кунед; зеро онон боваре ҷуз ин надоранд, ки шумо рӯзии онҳоро медиҳед.”

2. Паёмбари Худо (с): “Ҳаргоҳ яке аз шумо ба кӯдакаш ваъда дод, бояд ба он амал кунад.”

3. Дар Сунанул-кубро ба нақл аз Абдуллоҳ ибни Омир ибни Рабиа омадааст: “Паёмбари Худо (с) ба хонаи мо омад ва ман дар ҳоле ки кӯдаки хурдсоле будам, рафтам то бозӣ кунам. Аз ин рӯ модарам ба ман гуфт: Эй Абдуллоҳ! Биё чизе ба ту бидиҳам. Паёмбари Худо (с) фармуд: Чӣ мехоҳӣ ба ӯ бидиҳӣ? Гуфт: Мехоҳам ба ӯ хурмо бидиҳам. Фармуд: Огоҳ бош, ки агар чунин накунӣ, барои ту дурӯғе навишта мешавад.”

Нақши вафо ба ваъда дар тарбияти кӯдак

Аз ҳангоме ки кӯдак ба марҳилаи дарк мерасад, дар бархӯрди худ бо волидайн бо ваъдаҳое бархӯрд мекунад. Ин ваъдаҳо гоҳ амалӣ мешаванд ва гоҳ намешаванд. Дар омӯзаҳои ислом ин масъала мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифта ва нисбат ба вафои ба аҳд тавсияи шадид шудааст. Далели ин тавсияҳоро ба чанд ваҷҳ метавон таҳлилу табйин кард:

Яке, ҷанбаи ахлоқии масъала аст. Хилофи ваъда, аз ахлоқи нописанд аст ва дар ҳама ҷо ва нисбат ба ҳар кас дуруст меояд ва яке аз масодиқи он ҳам кӯдак аст.

Дигар, ҷанбаи бадомӯзии он барои кӯдак аст. Ҳарчанд хулфи ваъда наҳйи ом дорад, вале дар бораи кӯдак ба ҷиҳати шароити синнию тарбиятии хоссе, ки дорад, аз аҳамияти вижае бархӯрдор аст. Кӯдак аз рафтори дигарон, махсусан волидайн сармашқ мегирад ва ин сармашқгирӣ чун дар синни кӯдакӣ аст, таъсири пойдору амиқе бар шахсияти вай мегузорад, ба гунае ки ислоҳи он номумкин ё бисёр душвор хоҳад буд.

Ва аммо ҷанбаи севвум, таъсири манфии он бар робитаи кӯдак бо Худо дар оянда аст. Бархе пажӯҳишҳо нишон дода, ки навъи иртиботи кӯдак бо Худованд, таҳти таъсири наҳваи иртиботи волидайн бо кӯдак будааст. Пеш аз он ки кӯдак бо мафҳуми Худо ошно шавад, волидайнаш, махсусан падарашро раббу соҳибихтиёри худ медонад ва ба таъбире нақши худовандӣ барои вай қоил аст (ва ба ҳамин далел волидайни худро беайбу нақс ва дорои ҳамаи камолоту фазоил медонад ва ҳатто тасаввур ҳам намекунад, ки онон дорои айбу нақс бошанд). Ҳол агар волидайн ба ваъдаҳое, ки ба кӯдаки худ додаанд амал накунанд, ӯ ин хулфи ваъдаро ба мафҳуми худовандӣ сироят медиҳад ва нохудогоҳ дар оянда робитаи ӯ бо Худовандро таҳти таъсири манфӣ қарор медиҳад. Иттифоқан дар ҳадиси шариф низ таълиле омадааст, ки ба ин ҳақиқат ишора дорад: “Онон тасаввур мекунанд, ки шумо ба онҳо рӯзӣ медиҳед.”

Он мафҳуме, ки аз худовандӣ барои кӯдак қобили фаҳм аст, “рӯзирасонӣ” аст ва рӯзирасонӣ дар назари ӯ баробар бо худовандгорӣ аст. Ҳол агар аз худовандгори кӯдакии худ хулфи ваъда бибинад, нисбат ба Худованд ва ҷойгоҳи ӯ ҳамеша бадбин мегардад. Ҳадиси шарифи “Биҳишт зери пои модарон аст”, низ дар ҳамин бистар метавонад таҳлил гардад, яъне гузашта аз талошҳое, ки модарон барои тарбияти динии кӯдак мекунанд, шакли иртиботи модар бо кӯдак, таъсири муҳимме дар шаклгирии тасаввури кӯдак аз Худованд дорад ва ин метавонад дар ояндаи кӯдак таъсиргузор бошад.

Шод кардан

1. Паёмбари Худо (с): “Хонае дар биҳишт аст, ки ба он хонаи шодӣ гуфта мешавад. Ҷуз касе ки кӯдаконро шод карда бошад, вориди он намешавад.”

2. Паёмбари Худо (с): “Барои кӯдаконатон гӯшт бихаред ва рӯзи ҷумъаро ба ёди онон биёваред.”

3. Паёмбари Худо (с): “Хонае дар биҳишт аст, ки хонаи шодӣ ном дорад. Ҷуз касе ки ятимони аҳли имонро хурсанд сохтааст, вориди он намешавад.”

4. Паёмбари Худо (с): “Касе ки ятимеро сарпарастӣ кунад, то бениёз гардад, Худованди азза ва ҷалла дар баробари ин кор биҳиштро бар ӯ воҷиб кардааст, ҳамон гуна ки Худованд барои хӯрандаи моли ятим оташи дӯзахро воҷиб кардааст.”

5. Дар Маноқиби Ибни Шаҳрошӯб овардааст: “Алӣ (к) занеро дид, ки машки обе бар дӯш дорад. Машкро аз ӯ гирифт ва то хонааш бурд. Зан Алиро нашинохт. Алӣ (к) аз аҳволи он зан пурсид. Зан гуфт: Халифаи мусалмонон Алӣ ибни Абӯтолиб шавҳарамро ба яке аз минтақаҳои марзӣ фиристод ва ӯ кушта шуд ва кӯдакони ятиме бароям ба ҷо гузошт. Чизе надорам ва ниёз маро ба кулфатии мардум водоштааст.

Алӣ (к) бозгашт ва он шабро то субҳ музтариб буд. Ҳангоме ки субҳ шуд, занбиле таом ба дӯш гирифт. Бархе гуфтанд: Бигзор мо ба ҷои ту бар дӯш бикашем. Фармуд: Кӣ рӯзи қиёмат гуноҳи маро бар дӯш мекашад? Сипас ба дари хонаи он зан омад ва дарро кӯбид. Зан гуфт: Кистӣ? Фармуд: Бандае, ки дирӯз машки обатро ба дӯш кашид. Дарро боз кун. Алӣ (к) гуфт: Таоме барои кӯдакон бо худ дорам. Зан гуфт: Худо аз ту хушнуд бошад ва миёни ман ва Алӣ ибни Абӯтолиб доварӣ кунад!

Сипас Алӣ (а) дохили хона шуд ва фармуд: Дӯст дорам савобе ба даст оварам. Ту хамир мекунӣ ва нон мепазӣ ё кӯдаконро саргарм мекунӣ, то ман нон бипазам? Зан гуфт: Ман ба пухтани нон огоҳтару бар он тавонотарам. Ту бо кӯдакон бош ва ононро саргарм кун, то аз пухтани нон фориғ шавам.

Зан ба сӯи орд рафт ва онро хамир кард ва Алӣ (а) ба сӯи гӯшт рафт ва онро пухт ва аз хурмою гӯшт ва дигар хӯрокиҳо луқма ба даҳони кӯдакон мегузошт ва ҳаргоҳ кӯдакон луқмае мехӯрданд, ба онҳо мефармуд: Фарзандам! Ба хотири он чи бар ту гузаштааст, Алӣ ибни Абӯтолибро ҳалол кун. Вақте зан ордро хамир кард, гуфт: Эй бандаи Худо! Танӯрро равшан кун. Алӣ (к) шитобон барои равшан кардани танӯр ҳаракат кард. Вақте онро шӯълавар сохт ва гармӣ ба сураташ бархӯрд кард, гуфт: Эй Алӣ! Бичаш. Ин аст кайфари касе ки бевазанону ятимонро ба ҳоли худ раҳо созад.

Ҳамсояи он зан, ки Алӣ (к)-ро мешинохт, ӯро диду гуфт: Вой бар ту эй зан! Ин Амири мӯъминон ва халифаи мусалмонон аст. Зан саросема ба сӯи Алӣ (а) омад ва гуфт: Вой ки шармандаат ҳастам, эй Амири мӯъминон!Алӣ (к) фармуд: Баръакс, вой ки ман шармандаи ту ҳастам, эй бандаи Худо! Аз он рӯ ки дар бораат кӯтоҳӣ кардаам.”

Кимиёи саодат

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст