Падару модар будан яке аз сахттарин корҳои дунё аст. Ин шуғл, 23 соата аст ва метавонад бисёр хастакунанда бошад. Аммо муҳим аст, бо ҳамаи хастаги низ масоилеро риоят кунед то ба руҳ, ҷисм ва эътимод ба нафси фарзандонатон зарбае ворид нашавад.

Бояд тавре тарбият кард ва бо ӯ рафтор кунед то дар бузургсоли илова бар инки мояи ифтихори шумо шавад, худаш низ дар саломати руҳии комил зиндаги кунад. Аз равишҳои иртиботи бо кудакон ҳафр задан аст. Агар битавонед равишҳои саҳеҳи ҳарф задани худ бо кудакоро ёд бигиред, ба таври ғайри мустақим дуруст ҳарф заданро ба ӯ низ меомузед.

Номи кудакро бихонед

Садо кардани номи кудак таваҷҷуҳи ӯро ба ҳафрҳои шумо ҷалб мекунад. Кудакони хурдсол ғолибан ба замонҳое маҳдуд таваҷҷуҳ доранд бинобар ин барои ҷалби таваҷҷуҳ бояд мудом номашро садо кунед.

Ба кудак гуш диҳед

Кудакон дуст доранд барои онҳо арзиш қоил шавед. Ба ҳамин далел бисёр муҳим аст воқеан барои онҳо арзиш қоил шавед. Ба кудакатон нишон диҳед ки ҳамаи таваҷҷуҳ ва диққати шумо ба шунидани ҳарфҳои ӯст. Газета хондан, телевизион тамошо кардан ва кор кардани ҳавосатонро ҷои дигар набаред ва фақат ба ҳарфҳои ӯ таваҷҷуҳ кунед. Агар наметавонед ба ҳарфҳои кудак гуш бидиҳед тазоҳур накунед. Баҳтар аст ҳангоми суҳбат бо фарзанди худ, телефони мобилии худро канор бигузоред ва бо ҳамаи ҳавосатон ба ҳарфҳои ӯ гуш диҳед.

Ин боис мешавад то эътимод ба нафс пайдо кунад ва он ҳисси арзишмандие ки дунболаш ҳастедро аз шумо бигирад.

Улгу бошед то битавонед дар воқеъ хуш рафтрои аз кудак дошта бошед

Хуш рафтории шумо бо кудак ба ӯ ёд медиҳад чигуна бояд рафтор кунед. Чи рафторе пазируфтани аст ва чи рафторе дар ҳар шароите нодуруст аст. Нуктае ки набояд фаромуш кунед рафтори мутаносиб аст. Набояд худатон як бор рост бигуед ва як бори дигар дуруғ бигуед. Агар тавққуъ доред ҳамеша кудакатон бо хитоби муҳтарамона ҳарф бизанад. Бояд ҳамеша худатон бо ҳамин шева фарҳ бизанед. Бигуед “лутфан” “муташаккирам” ва ҳамеша хитоби муҳтарамона ҳарф бизанед.

Аз ҷумлаҳои мусбат истифода кунед

Ҳамеша ба кудак нагуед “не” ё “накун” агар ҳамеша ба кудак бигуед “ба он пиёла даст назан”, “надав”, “либосҳоту чиркин накун” ӯ ба самти он кашида мешавад ва билохира пиёларо мешиканад ва либосашро чиркин мекунад. Ба ҷои ин ҷумалоти манфи бигуед “пиёлату бо ду дастат нигаҳ дор”, “мувозиби либосҳот бош”, “мувозиби роҳ рафтан бош.” Мусбат ҳафр задан кори осоне нест ва аммо талоше аст ки бисёр арзанда аст. Ҳаргиз аз вожаҳое ки боиси иҷоди ҳисси гуноҳ дар кудак мешавад, истифода накунед. Кудакон аз ҳамон ибтидо ҳисси ҳамдарди надоранд ва бисёре аз чизҳоеро наметавонанд дарк кунанд. Набояд барои иштибоҳҳое ки анҷом медиҳад хеле онҳоро сарзаниш кунед аз вожаҳои сарзанише мисли “писари бад шуди” ва баёни шарму хиҷолат мисли “шарм бар ту” истифода накунед. Ин навъ вожаҳо ва ҷумлаҳо эҳсоси беарзиширо дар кудак тақвият мекунад. Ҷумлаҳо ва вожаҳои мусбат ба кудак эътимод ба нафс ва эҳсоси шоди ва хушбахти медиҳанд. Рафторашро беҳтар мекунад ва талоши ӯро барои расидан ба муваффақият бештар мекунад. Ҷумлаҳои мусбате мисли “писарам ёдат бошад ки асбоб бозичаҳоту ҷамъ куни”, “муташаккирам ки кумакам карди”, “ман ба ту ифтихор мекунам” ро ҳар рӯз такрор кунед ва натиҷаашро бубинед.

Бо кудак иртиботи чашми барқарор кунед

Таъсири вожаҳоро замоне беҳтар эҳсос мекунед ки фарзандатонро дар муҳити ором қарор диҳед ба чашмҳояш нигоҳ кунед ва бо оромиш бо ӯ ҳарф бизанед.

Ба лаҳни садо ва каломатон таваҷҷуҳ кунед

Бо кудаке ки ғур мезанад бо ҳамон лаҳну бо тунди суҳбат накунед. Замоне ки кудак ором шуд бо ӯ ҳарф бизанед. Боло ва поин рафтани садо бояд мутаносиб бо мавқеият бошад. Пас агар ҳамеша бо доду бедод ҳарф мезанед бояд ин одатро тарк кунед.

Савол бипурсед

Агар мехоҳед кудакатон бештар фикр кунад ва бардошҳои озод дошта бошад аз ӯ саволҳое таҳлили бипурсед. Саволи таҳлили яъне саволҳое ки ҷавоби онҳо бале ё не нест ва ӯ бояд талош кунад бештар ҳарф бизанад ва дидгоҳҳо ва эҳсосоташро нишон диҳад. Масалан ба ҷои ин пурсиш “Имрӯз чи кор карди?” ва ...

Бо гуфтани иборати: “Барои инки ман мегам!” боис мешавад то кудак ҳаргиз ба ҷарои масоил фикр накунад. Қудрати таҳлил ва пурсишгароиро аз ӯ мегиред.

Оё кудак манзуру ҳадафи шуморо фаҳмида аст?

Агар эҳсос мекунед кудакатон вокуниши дурусте ба дархостҳо ва ҳарфҳоятон нишон намедиҳад ва саргардон шуда аст. Пурсишу дархостатонро дубора такрор кунед то мутавҷҷеҳ шавед ӯ мавзуъро ба хуби фаҳмида аст. Аз ӯ бихоҳед ончи ба ӯ гуфтаедро такрор кунад.

Ҷавобҳои кутоҳ бидиҳед

Волидайне ки бо ҷавобҳои кутоҳ фарзандро маҷбур мекунанд аз онҳо итоат кунад, ба ҳеҷ ваҷҳ унвони арзиши дурусте барои тарбияти кудаки худ интихоб накардаанд. Бо гуфтани иборат: “барои инки ман мегуям”! боис мешавад то кудак ҳаргиз ба чарои масоил фикр накунад. Қудрати таҳлил ва пурсишгароиро аз ӯ мегиред. Ё гуфтани иборате ҳамчун : “Ҳарчи ман мегуямро бояд анҷом диҳи” ба ин мафҳум аст ки ҳеҷ эҳтироме барои фарзанди худ қоил нестед ва ӯ низ дар муқобил ба шумо эҳтиром нахоҳад гузошт. Барои тарбияти саҳеҳи фарзандон, барои ҷавоб ба саволҳои ӯ замон бигузоред ва бо сабри комил ва муртабит ба ӯ посух бидиҳед.

Кудакона рафтор кунед

Кудакон бисёр боҳуштар аз он ҳастанд ки тасаввур мекунед. Лозим нест садои худро кудакона кунед ё бо калимаҳои хеле баччагона бо ӯ ҳарф бизанед то ба ҳарфҳоятон гуш кунанд.

Кудакон гуфтугуҳои мардум бо якдигарро мешунаванд ва кудакона ҳарф заданро навъе таҳқир ба худ медонанд.

Миёни ҳарфи кудакон напаред

Агар кудак бароятон моҷароеро таъриф мекунанд то охир достонро гуш диҳед ва ҳарфашро қатъ накунед. Агар ҳамеша миёни ҳарфи кудак бипаред ё изҳори назарҳои бемаврид бикунед ё алоқаашро барои матраҳ кардани дигоҳҳояшро аз даст медиҳад. Масалан агар кудакон иттифоқоте ки дар берун аз хона меафтадро бароятон таъриф мекунад бо пурсишҳои бемаврид ӯро сардаргум накунед ё аз моҷаро мунҳариф нашавед. Сукут кунед ва эҳсосотатонро бо лабханд ё тааҷҷуб нишон бидиҳед.

Зиёд ҳарф назанед

Таҳқиқоти коршиносон собит карда аст, мағзи ҳар инсоне метавонад дар ҳар мартаба, ба таври миёна 5 то 9 мавзуъро ба хотир бисупорад. Ба ҳамин далел аст ки кудакон вақти бештаре аз зарфияти худ мешунаванд, дигар майле ба гуш кардани идомаи ҳарфҳо надоранд. Аар мехоҳед масоили зиёде ба фарзанди худ биёмузед, онро ба чунин бахши кутоҳ тақсим кунед то натиҷаи беҳтаре дошта бошад. Кудакон наметавонанд чанд дастурро ҳамзамон анҷом бидиҳанд. Ба ҷои инки бигуед “баланд шав дарсҳоятро бихон аммо пеш аз ин ҳуҷраатро мураттаб кун ва кафшҳоятро бибар дар ҷои худаш бигузор” аввал як дархости содатарро аз кудак бихоҳед ва сипас ӯро ба анҷоми корҳои дигар ташвиқ кунед.

Мулоҳизагар бошед

Ҳавосатон ба гуфтугуҳоятон бо дигарон бошад. Чи чизе ба дустонатон мегуед? Чигуна бо кудаконатон ҳарф мезанед? Оё бо дустон ва кудаконатон ба як шева ҳарф мезанед? Гуфтугуҳоятонро бо дустонатон дар ҳузури кудак тавре танзим кунед ки агар кудак дар бораи он аз шумо савол кард ҷавобе барояш дошта бошед.

Таҳдид накунед

Ҳадаф аз бузург кардани кудак ин нест ки ӯро мутиъ ва фармонбардори худ тарбият кунем. Бояд ба кудакон фурсати фикру хато кардан бидиҳад. Таҳдид кардани кудак боис мешавад то эътимод ба нафси ӯ аз байн биравад ва дар бузургсоли дучори мушкил бишавад.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст