Пеши соҳибназарон мулки Сулаймон бод аст.

Балки он аст Сулаймон, ки зи мулк озод аст.

Онки гӯянд, ки бар об ниҳодаст ҷаҳон,

Машнав эй хоҷа, ки чун дарнигарӣ бар бод аст.

Ҳар нафас меҳри фалак бар дигарӣ меафтад,

Чӣ тавон кард, ки ин суфла чунин афтодаст.

Дил дар ин пиразани ишвагари даҳр мабанд,

К-ин арӯсест, ки дар ақди басе домод аст.

Ёд дор ин сухан аз ман, ки пас аз ман гӯӣ,

Ёд бод онки маро ин сухан аз вай ёд аст.

Он, ки Шаддод дар айвон зи зар афкандӣ хишт,

Хишти айвони шаҳ акнун зи сари Шаддод аст.

Хоки Бағдод ба марги хулафо мегиряд,

В-арна ин шатти равон чист, ки дар Бағдод аст?

Гар пур аз лолаи сероб бувад домани куҳ,

Марав аз роҳ, ки он хуни дили Фарҳод аст.

Ҳамчу наргис бикушо чашму бубин к-андар хок,

Чанд рӯе чу гулу қомати чун шамшод аст.

Хаймаи унс мазан бар дари ин куҳна работ

Ки асосаш ҳама бемавқеъу бебунёд аст.

Ҳосиле нест ба ҷуз ғам зи ҷаҳон Хоҷӯро

Шодии ҷони касе, к-ӯ зи ҷаҳон озод аст.

Хоҷӯи Кирмонӣ

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст