Кай бувад ё Раб, ки рӯ дар Ясрибу Батҳо кунам
Гаҳ ба Макка манзилу гаҳ дар Мадина ҷо кунам

Бар канори замзам аз дил биркашам як замзама
К-аз ду чашми хунфишон он чашмаро дарё кунам

Сад ҳазорон вай дар ин сӯ дилбаро имрӯз шавад
Нест сабрам баъд аз ин к-имрӯзро фардо кунам

Ё Расулаллоҳ ба сӯи худ маро роҳе намо
То зи фарқи сар қадам созам зи дида по кунам

Орзуи ҷаннатуламъво бурун кардам зи дил
Ҷаннатам ин баски бар хоки дарат маъво кунам

Хоҳам аз савдои побӯсат ниҳам сар дар ҷаҳон

Ё ба поят сар ниҳам ё сар дар ин савдо кунам

Ҳар дам аз шавқи ту маъзурам агар ҳар лаҳзае
Ҷомиосо номаи шавқи дигар иншо кунам
Ҷомӣ
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст