Дасти бозихунуки шаб, ки расид,Дафи тиллоии хуршед кафид.ТурнаҳоҲамчунон тори рубоби ту садое доданд.Ва зи ҳам бигсастанд.Осмон косаи безиҳи рубоб аст, онроҲамчунон бар сари бесоҳиби ту,Бар сари мазори ту зада бишкастанд.Ва садафҳош парешон гаштанд.Пеши беғам ғами дилро натавонӣ гуфтан,Омадам бар сари гӯри ту, ки бо ту гӯям.Аз ду чашми чашмаЛавҳаи гӯри туро мешӯям.Ту вале хомӯшӣ,Ту малолӣ аз ман...Дар гусели ту набудам он рӯз,Ки чу тобути шаҳидҶисми зардови ғаматро монданд,Пои як минбари чун минбари иблис баланд.Ва чу дар зиндагиятТу ба пои минбар.Душману дӯст ҳама дар сари минбар буданд,Сифатат мекарданд.Дар забоншон афсӯс,Гиряҳошон пурфанд,Дили ториктар аз гӯри сияҳшон хурсанд,Ки бишуд боз чароғе хомӯш,Як дили рӯшану бедор бимондаст аз ҷӯш.Эй дилат оина. Акаи Одина,Эй дарунсӯхтаи берунсарсабз,Дар гусели ту набудам з-он рӯ,Ки на бинад ва на сӯзад дигар,Ин дили хокистар,Ман ба марги ту надорам боварАлимуҳаммад Муродӣ
-
-
-
بازدید: 1134