Лутфи ту ё Раб, азал асту абад Ин манаму ин гунаҳи беадад Рӯи сияҳ, бори хато, феъли бад Намезанӣ ба синаам дасти рад Холиқи ман, розиқи ман, ё Самад Ташналабам оби ҳаётам бидеҳҒарқи гуноҳам ҳасанотам бидеҳ Аз карами хеш наҷотам бидеҳ Агарчӣ бошад гунаҳам беададХолиқи ман, розиқи ман, ё Самад Банда, вале бандаи шармандаамЗери гунаҳ зору сарафкандаам Боз ба сӯи ту паноҳандаам Эй ҳама афви ту фаротар зи ҳадХолиқи ман, розиқи ман, ё СамадОмадаам, то ки қабулам кунӣ Васл ба домони Расулам кунӣ Одати ту нест малулам кунӣ Ҷуз карамат ҳеҷ надорам санадХолиқи ман, розиқи ман, ё СамадМаро ба Қуръони Каримат бибахш Ба ҷоҳи Маҳмуди Ҳакимат бибахшОмада осӣ ба ҳаримат бибахшҲаст умедаш, ки намоӣ мададХолиқи ман, розиқи ман, ё СамадКардӣ садоям ба ту баргаштаам Ғарқ ба хуноби ҷигар гаштаам Бе ту ба олам ҳама саргаштаамЛутфи ту охир ба суроғам расад? Холиқи ман, розиқи ман, ё Самад
-
-
-
بازدید: 1020