چاپ

Моҳи меҳмонии Раҳмон мерасад
Фасли шодобии имон мерасад
Ёздаҳ маҳ ғафлату зулмат, вале
Баҳри боғи дил баҳорон мерасад
Шаҳвату нафсат асири рӯҳи ту
Чун дуову савти Қуръон мерасад
Карда дарҳои биҳиштро боз ҳақ
Рӯзадор лоиқи Райён мерасад
Баста шуд дарҳои дӯзах ин замон
Ғулу занҷир баҳри шайтон мерасад
Бо гунаҳ накшой боби бастаро
Раҳмати ҳақ бин фаровон мерасад
Бар Набияш доимо гӯӣ дуруд
Кафаи сангини мизон мерасад
Рӯзадореро агар як қатра об
Додӣ озодӣ зи нирон мерасад
Рӯза бошад чун сипар ҳофизи ту
Қадр дон ин моҳи ғуфрон мерасад
Боадаб биншин ба меҳмонии дӯст
Лаҳзаи дидори ҷонон мерасад
Абдусалом
بازدید: 1007