Чиҳил соле мегузашт аз омулфил

Меҳмони ғори ӯ шуд Ҷабраил

Он фаришта гуфт бар ӯ: Ин бихон
Гуфт Аҳмад: Уммиам ман, эй ҷавон!

То се боре гуфт ӯ инро бихон
Боз Аҳмад гуфт ҳастам нотавон

Ногаҳон дар худ фишоре сахт дид
Он фаришта илмро дар ӯ дамид

Бори дигар омад ӯро ин нидо
Пас бихон акнун ту бо номи Худо

Он ки оламро кунад як ҷо халақ
Халқ гардонида инсон аз алақ

Ҳаст Қуръон наздат инак пас бихон
Холиқатро з-ин сабаб акрам бидон

Ӯ қаламро бар шумо таълим дод
Илм бар маҷҳулро ҳам дод ёд

Аввалин оёти Қуръон шуд нузул
З-ин сабаб оғоз шуд кори Расул

Чилумин сол аз гузашти оми фил
Бисту ҳафтум аз Раҷаб дид он далел

Он тараф Ҷибрил рафт бар осмон
Ин тараф Аҳмад биёмад дар амон

Чун Хадиҷа ҳолати Аҳмад бидид
Бистараш паҳну або бар вай кашид

Дод тавзеҳаш Муҳаммад воқеа
Гуфт: Ҷибрил омадаш чун соиқа

Ҳар куҷое осмон рух тофтам
Нақши Ҷибрилӣ дар он ҷо ёфтам

Гуфт: Ман ҳастам фиристода зи Раб
Пас матарсу хеш мафкан дар тааб

Гуфт: Бархон! Нафй кардам то се бор
Ҳолате омад, ки шуд осон кор

Лавҳро хондам тавонистам аҷаб
Ин тавонистан бувад аз фазли Раб

Ҳамсараш бо меҳр гуфт ӯро чунин
Мустафо гардидаӣ рӯи замин

Хонаи онон бишуд равшан зи ҳақ
Макка будаш дар ғуруб он ҷо шафақ

Мӯҳсин Сайид Исмоилӣ
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст