چاپ

Эй падар, эй бо дили ман ҳамнишин

Эй самимӣ, эй бар ангуштар нигин

Эй падар, эй ҳамдами танҳоиям
Ошноӣ бо ғами танҳоиям

Эй танини номи ту бар гӯши ман
Эй паноҳи гиряи хомӯши ман

Ҳамчу борон меҳрубон бар ман бибор
Эй кӣ ҳастӣ мисли абри навбаҳор

Дар садоқат бартар аз оинаӣ
Дар рафоқат бодаи бекинаӣ

Эй сафедори баланду пойдор
Мебарам номи туро бо ифтихор

Ҳарчӣ дорам аз ту дорам, эй падар
Эй кӣ ҳастӣ нури чашму тоҷи сар

Раҳмати борониву равшантабор
Меҳрубонӣ аз ту бошад ёдгор

Эй падар, бӯи шақоиқ медиҳӣ
Ошиқиро ёди ошиқ медиҳӣ

Бо ту сабзам, гулбаҳорам, эй падар
Ҳарчи дорам аз ту дорам, эй падар
بازدید: 1175