چاپ


Чун боргоҳи нури Худо мепарастамат
Эрон, аё қаламрави пайғамбарони роз
Ҷуз ояти муҳаббаи ту нест шеъри ман
Бар ҷонамози ишқи ту меоварам намоз

Бишкастаӣ ту гардани шайтон ба мушти дил
Эрон, аё қаламрави поки фариштаҳо
Сӯи ту то суҷуд наёрам, вуҷуди ман
Аз сарнавиши хеш нахоҳад навиштаҳо

Аз дур ман зиёрати хоки ту мекунам
Аз дур ман ба марқади Ҳофиз барам салом
Хунин дилам чу лаъли Бадахшон ба ёди ту
Эрон, аё қаламрави эҳсону эҳтиром

Донам, ки эҳтиёҷ надорӣ ба шеъри ман
Аммо дилам зи ишқи ту пур аз фасона аст
Эрон, аё қаламрави умеду орзу
Сӯи ту роҳи қисмати ман бекарона аст

Сӯи ту пар кашам зи дил овои зиндагӣ
Лабташнаам чу решаи худ сӯи зиндарӯд
Эрон, аё қаламрави ҷовиду эзадӣ
То зиндаам фиристамат аз ҷону дил дуруд
Шаҳрияи Адҳамзод
Аз соқа то садр, саҳ. 624
بازدید: 1170