Дар ин замони ҷунунҷилваи ҳаливудӣКуҷо диле тапад аз нағмаҳои довудӣ?Чӣ айб дида, ки бар рӯи даҳр менигарандЗи пушти шишаи дудиву айнаки дудӣ?Бисоти худ ба чӣ сайёрае фиристоданд,Ки мекашанд ҷаҳонро ба сӯи нобудӣ!Хаёли оташи дигар ҳамепазад дар сарЧамидапо магасе бо димоғи намрудӣ.Баҳона - ҳаста, ҳадаф - ҳастӣ, гуӣ бистонанд,Зи ҳастае, ки набудаст кини нобудӣ.Мисоли кори ҷаҳондору қисмати фарҳанг-Ҳадиси Пири Аҷам дону пили маҳмудӣ.Шукуфаро насазад, к-аз фарози шохи баландБа реша таъна занад, ки «чаро гилолудӣ?!».Умеди ман ба дуои масеҳанфосестБихон, ки даст ба омин кашад Варорудӣ.Рустами Ваҳҳоб
-
-
-
بازدید: 1127