Дар мақбараи ҳазрати имом Хумайнӣ

Дар мазоре ба номи озодӣ
Сарв дорад хироми озодӣ

Гунбади зарҳалии он рухшон
Офтобист боми озодӣ

Дар ҳавои баланди он монда
То қиёмат қиёми озодӣ

Бар дараш рӯи хеш мемолам
То расам бар саломи озодӣ

Ояд аз ояҳои девораш
Дар нигоҳам паёми озодӣ

Сӯи ман оҳ мекашад сангин
Гӯри санги рухоми озодӣ

Аз дили хеш бишнавам хомӯш
Зарби қалби имоми озодӣ
Озар
Аз табори Офтоб, шеъри шоирони тоҷик дар васфи имом Хумайнӣ, саҳ. 35
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст