Намехоҳам, ки ҷуз ман бо нигоре ошно бошӣНамехоҳам чу ғам дар кулбаи ҳар бенаво бошӣНамехоҳам, ки бошӣ шамъ дар маҷлису маҳфилНамехоҳам чунин таннозу масту дилрабо бошӣНамехоҳам касеро ҷо диҳӣ ҷуз ман ба қалби худНабояд бо чу ман ёре аз ин пас бевафо бошӣНамехоҳам нигоҳатро ба кас ҷуз чашми ман дузӣНамехоҳам чу ман масти ду чашми каҳрубо бошӣБарояд ин сухан ҳамроҳи оҳ аз синаи НасринКи ҳар ҷо меравӣ охир нигоро, моли мо бошӣНасрини Баруманд
-
-
-
بازدید: 1135