Зи ту хуршед кай хоҳам? Чароғи манзилам кофистБа рӯзгори ту ман моҳам, ту бошӣ ҳамдилам кофист
Дар ин авзои туфонӣ, агар ҳамроҳи ман монӣНахоҳам аз ту султонӣ шавад ҳал мушкилам кофист
Намонда тоқати дурӣ, гузашт умрам ба ранҷурӣБа сони шамъ чун нуре бувад дар маҳфилам кофист
Ғарибӣ дарди бедармон, ҷудо гардидаанд ёронАгар чун қатраи борон биборӣ бар гилам кофист
Фаровон аст оби баҳр, накун эй моҳии ман қаҳрШудам танҳотарини шаҳр биёӣ соҳилам кофист
Ту рафтиву пушаймонам ҳамеша зору нолонамБа роҳат дида пазмонам ба ёдат шомилам кофист
Шунидам таънаву нафрин, биёву ваъзи манро бинМагар дар зиндагӣ оин намудӣ ботилам кофист
Худоё, ҳофизаш бошӣ, ба қалбаш меҳри ман пошӣБигардад луқмааш ошӣ, дуои комилам кофист
Агар зулмам раво дорӣ, накардӣ баҳри ман ёрӣБа даргоҳаш кунам зорӣ, Худои одилам кофист
Абдусалом
-
-
-
بازدید: 1035