چاپ

Қуръони боз, дасти дуои имом буд
Ислом бефутуввати ӯ нотамом буд
 
Дидем дар ниҳоли қадаш иртифои ҳол
То чун санавбарон ба намозаш қиём буд
 
Гар Офтоб номи ҳамин як ситора аст
Пас ҷони Офтобии ӯро чӣ ном буд?
 
Хурмо шавад хаёли зиёдаш, ки мар варо
Дар соясори нахли вилоят мақом буд
 
Қуръон, ки бозгашт аз ӯ ёд мекунам
Қуръон боз, дасти дуои имом буд
Озар

Аз табори офтоб, шеъри шоирони тоҷик дар васфи имом Хумайнӣ, саҳ.28

بازدید: 1085