Ҷудо шуд яке чашма аз кӯҳсор Ба раҳ гашт ногаҳ ба санге дучор Ба нармӣ чунин гуфт бо санги сахт: Карам карда роҳе деҳ, эи некбахт! Ҷаноби аҷал к-аш гарон буд сар Задаш силиву гуфт: Дур, эй писар! Нашуд чашма аз посухи санг, сард Ба кандан даристоду ибром кард Басе канду ковиду кушиш намуд К-аз он санги хоро раҳе баргушуд Зи кушиш ба ҳар чиз хоҳӣ расид Ба ҳар чиз хоҳӣ камоҳӣ расид Бирав коргар бошу умедвор Ки аз яъс ҷуз марг н-ояд ба бор Гарат пойдорист дар корҳо Шавад саҳл пеши ту душворҳоМаликушшуаро Баҳор
-
-
-
بازدید: 1098