Ҳар дам ба рӯи манГӯяд адӯи манК-ин шеваи дарии ту чун дуд меравадНобуд мешавадБовар намекунамБовар намекунам Бовар намекунам Лафзе, ки аз латофати он ҷон кунад ҳузурРақсад забон ба созашу ояд ба дида нурЛафзе ба ранги лолаи домони кӯҳсорЛафзе ба сони бусаи ҷонпарвари нигорШиринтару лазизАз тунги шаккар астҚиматтару азизАз панди модар астЗеб аз бунафша дораду аз нозбӯй бӯйСофӣ зи чашма ҷӯяду шухӣ аз оби ҷӯйНав-нав таровате бидиҳадЧун сабзаи баҳорФорам чу савти булбулу дилбар чу обшорБо ҷӯшу мавҷи худМавҷе чу мавҷи рудБо созу тоби худБо шаҳди ноби худДил об мекунадШодоб мекунадЛафзе, ки эътиқоди ман асту маро вуҷудЛафзе, ки пеши ҳар суханам оварад суҷудЧун ишқи дилбарамЧун хоки кишварамЧун завқи кӯдакӣЧун байти РӯдакӣЧун зарраҳои нури басар мепарастамашЧун шуълаҳои нарми саҳар мепарастамашМан зиндаву зи дидаи манЧун дуд меравад?Нобуд мешавад?Бовар намекунам Бовар намекунам Номаш барам ба авҷи само мерасад сарамАз шавқ мепарамСад марди муътабарОяд бари назарК-онро чу лафзи байту ғазалИншо намудаамБо панди СаъдиямБо шеъри ХофизамЧун ишқи оламе ба ҷаҳонЭҳдо намудаамСарсон машава адӯҚубҳе зи ман маҷӯК-ин ишқи пок дар дили дилпарвари ҷаҳонМонад ҳаме ҷавонТо ҳаст одамеТо ҳаст оламеУбайд РаҷабАз соқа то садр, саҳ.405-407
-
-
-
بازدید: 1240