چاپ

Маҳалбозон, маҳалбозӣ чӣ лозим?

Ҷудоиву дағалбозӣ чӣ лозим?
Маҳалбозӣ аҷал орад ба миллат,
Ба дунболи аҷал бозӣ чӣ лозим?

Хуҷанду Рашту Хатлон - Тоҷикистон!
Бадахшону Зарафшон -Тоҷикистон!
Ба ҳар ҷое агар як тоҷике ҳаст,
Барояш маншаи ҷон Тоҷикистон!

Шумову мо зи як марзу диёрем!
Ҷудо аз ҳам яку бо ҳам ҳазорем!
Касе бар мо намеорад зиёне,
Агар бо ҳамдигар мо аҳлу ёрем!

Маҳалбозӣ наёрад ҳеҷ ҳосил,
Ки тан бо кулли аҷзо ҳаст комил.
Шикастан панҷаеро сахт осон,
Ба муште тоб овардан чӣ мушкил.

Агар хоҳед чун миллат бимонем,
Бидуни хориву зиллат бимонем.
Ба ҳар ҳолат бубояд, эй азизион,
Ба зери парчами ваҳдат бимонем!

Ба ҳам мо аз азал пайванд бошем,
Яке додар, дигар фарзанд бошем.
Парешонем агар, хорему афгор,
Ба сарҷамъӣ ҳама хурсанд бошем!



Навои ҷони мо аз Тоҷикистон!

Сахои хони мо аз Тоҷикистон!

Маҳал дар арсаи дунё чизе нест,

Ки шаъну шони мо аз Тоҷикистон!



Агар мо доимо дар як қарорем,

Ба кори худ ҳамеша авҷ орем.

Тавонову саодатманд гардем,

Агар аз як гиребон сар барорем!
بازدید: 1167