Номи суруд: Баҳмани хунини ҷовидонШоир: ҲумофарОҳангсоз: Доктор Ҳамиди БеҳбудХонанда: ГуруҳӣЗамон ва макон: Ин суруди хотираангез ва мондагор дар дувумин солгарди пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон дар фазои пуршӯри он солҳо дар маркази Садо ва симои Форс тавлид шуд ва мавриди истиқболи мардум қарор гирифт. Имом Хумайнӣ рӯзи 12 Баҳманмоҳи 1357 ҳ.ш. (1/2/1979) вориди Эрон шуд ва 22 Баҳманмоҳи 1357 Инқилоби Исломии Эрон ба пирӯзӣ расид. Ин даҳ рӯз ба унвони "Даҳаи Фаҷри Инқилоби Исломӣ" ҳар сол ҷашн гирифта мешавад ва даҳҳо миллион мусулмону инқилобии Эрон дар он ширкат мекунанд. Имсол чиҳилумин солгарди пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон аст. 1979-2019Омада мавсими фатҳу имонШуъла зад бар уфуқ нури ҚуръонДар дили Баҳмани сарди таърихЛола сар зад зи хуни шаҳидонЛолаҳо қомати сурхи ишқандСарнавишти ту бо хун навиштандПайкари покат эй ҷон ба кафроАз азал бо шаҳодат сириштандБаҳмани хунини ҷовидонТо абад зинда бодо ҚуръонБаҳмани хунини ҷовидонТо абад зинда ёди шаҳидонМақдаматро имомо, шаҳидонБо нисори тани худ кушудандХунашон фарши роҳи ту бодоОшиқи поки роҳи ту будандОмадӣ бо паёмат, ХумайнӣАз раҳоиву аз ғам сурудӣОн ки бар зулми шаб ҳамлавар шудЭй Хумайнӣ ту будӣ, ту будӣБаҳмани хунини ҷовидонТо абад зинда бодо ҚуръонБаҳмани хунини ҷовидонТо абад зинда ёди шаҳидонДар дили тори шаб, эй шаҳидонДасти қаҳҳори халқи ХудоедАз табори Ҳусейни шаҳидедАз диёри уруҷу ХудоедДар зимистон баҳорон омадОдам аз қаъри даврон омадБӯи насли шақоиқ печидБӯи атри шаҳидон омадБаҳмани хунини ҷовидонТо абад зинда бодо ҚуръонБаҳмани хунини ҷовидонТо абад зинда ёди шаҳидон
-
-
-
بازدید: 1175