چاپ

Аз равнақи ҷамоли ту дилҳо мунаввар аст
Аз ҷилваи хаёли ту гулҳо муаттар аст

Исми ту рангу бӯё ба садҳо чаман диҳад
Зинат фазои ояти "Аллоҳу акбар" аст

Хуш мардуме варо ба имомат гузидааст
Шаъни асту эътибор, ки аз лутфи Ҳайдар аст

Оёти Кирдигор ба номаш мунаққаш аст
Яъне ба хоссу оми башар гашта сарвар аст

Покӣ чу роӯҳи поки Набӣ дар ҳама замон
Чун рӯҳи баргузидаи Оли Паямбар(с) аст

Аз сидқи хеш васфи ту кардам ба чанд ҳарф
Мошо, ки ёри туст на аз боғи дигар аст.
Салом Нуриёни Биравнӣ
Аз табори офтоб, саҳ.9
Дар асари ҳузури миллионии мардуми мусулмони Эрон бар зидди шоҳ ва безорӣ аз ҳукумати меросӣ ва ситамкори шоҳӣ ва талаби барпоии ҳукумати исломӣ рӯзи 16 январи 1979 шоҳи Эрон маҷбур шуд кишварро барои ҳамеша тарк кунад ва бигурезад ва рӯзи 1 феврали 1979 имом Хумайнӣ аз Порис ба Теҳрон баргашт ва 5 миллион нафар аз ӯ истиқбол карданд ва рӯзи 11 феврали 1979 пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон эълон шуд. Аз замони омадани имом Хумайнӣ то эълони пирӯзӣ 10 рӯз гузашт. Дар Эрон ин даҳ рӯзро "Даҳаи Фаҷри Инқилоби Исломии Эрон" меноманд ва ҳар сол ҷашн мегиранд ва онро бузург медоранд. Чиҳил сол аз умри Инқилоби Исломии Эрон мегузарад. 1979-2019
بازدید: 1098